Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 21:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва фардояш қавм субҳидам бархоста, дар он ҷо қурбонгоҳ бино карданд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ оварданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 21:4
13 Iomraidhean Croise  

Ва Ҷод дар он рӯз назди Довуд омада, гуфт: «Баромада, дар хирмангоҳи Аравнои ябусӣ қурбонгоҳе барои Худованд барпо намо».


Ва дар он ҷо Довуд қурбонгоҳе барои Худованд бино карда, курбонии сӯхтанӣ ва қурбонии саломатӣ овард. Ва Худованд ба мамлакат марҳамат намуд, ва вабо аз Исроил дур шуд.


Дар ҳамон рӯз подшоҳ миёнаи саҳнро, ки пеши хонаи Худованд аст, тақдис намуд, чунки қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи қурбониҳои саломатиро дар он ҷо ба амал овард, зеро қурбонгоҳи мисине ки ба ҳузури Худованд буд, барои гунҷонидани қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи қурбониҳои саломатӣ хурдӣ кард.


Ман рафта, ба макони Худ бармегардам, то даме ки онҳо ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ва толиби рӯи Ман гарданд; дар тангии худ онҳо бо зудӣ ба Ман рӯ хоҳанд овард.


Балки ба маконе ки Худованд Худои шумо аз ҳамаи сибтҳои шумо баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, яъне ба маскани Ӯ рӯй оваред, ва ба он ҷо биёед,


Мо қурбонгоҳе дорем, ки ҳизматгузорони хайма ҳақ надоранд аз он чизе бихӯранд.


Ва тамоми банӣ‐Исроил, тамоми қавм баромада, ба Байт‐Ил омаданд, ва гириста, дар он ҷо ба хузури Худованд нишастанд, ва дар он рӯз то шом рӯза доштанд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ ба ҳузури Худованд оварданд.


Ва гуфтанд: «Чаро, эй Худованд Худои Исроил, чунин воқеа дар Исроил рӯй дод, ки имрӯз як сибт аз Исроил кам мешавад?»


Ва Ҷидъӯн дар он ҷо курбонгоҳе барои Худованд сохт, ва онро Худованд‐Осоиштагӣ хонд; он то имрӯз дар Ӯфрои Абиэзрӣ мавҷуд аст.


Ва барои Худованд Худои худ бар сари ин сахра қурбонгоҳе бар тибқи таомул бисоз; ва наргови дуюмро гирифта, бар чӯбҳои бути Ашера, ки шикастаӣ, ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ биёр».


Ва ба Ромо бармегашт, зеро ки дар он ҷо хонаи ӯ буд, ва дар он ҷо бар Исроил доварӣ менамуд, ва дар он ҷо барои Худованд қурбонгоҳ бино кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan