Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 21:25 - Китоби Муқаддас 1992 1999

25 Дар он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ҳар кас он чи ба назараш писанд меомад, мекард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 21:25
13 Iomraidhean Croise  

Назар афканда, маро иҷобат намо, эй Худованд Худои ман! Чашмонамро равшан бикун, ки мабодо хоби марг равам;


Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд, вале оқибаташ роҳҳои мамот аст.


Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такья накун.


Эй ҷавон, дар наврасии худ айшу тараб намо, то ки дилат туро дар айёми ҷавонии ту шод гардонад; ва бо роҳҳои дили худ ва бо нигоҳи чашмони худ равона шав; вале бидон, ки барои ҳамаи ин туро Худо ба доварӣ хоҳад овард.


Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳ будем: ҳар яке ба роҳи худ мерафтем; ва Худованд гуноҳи ҳамаи моро ба гардани Ӯ монд.


Касе ки гове мекушад, мисли одамкуш аст; касе ки баррае забҳ менамояд, мисли касест, ки гардани сагро шикаста бошад; касе ки ҳадияи ордӣ меоварад, мисли касест, ки хуни хукро оварда бошад; касе ки лебӯно месӯзонад, мисли касест, ки пеши буте дуо гуфта бошад; чунон ки онҳо роҳҳои худро ихтиёр кардаанд, ва ҷонашон корҳои зишташонро хостааст,


Ҳар он чиро, ки мо имрӯз дар ин ҷо мекунем, яъне ҳар он чи ба назари ҳар кас дуруст намояд, накунед.


Дар он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ҳар кас он чи ба назараш писанд меомад, мекард.


Дар он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ва дар он айём сибти Дон барои худ мулке аз баҳри маскан гирифтан меҷустанд, зеро ки то он вақт ба онҳо мулке андаруни сибтҳои Исроил нарасида буд.


Ва он панҷ нафар рафта, ба Лаиш расиданд, ва қавмеро, ки дар он ҷо буданд, диданд, ки онҳо дар амният, бар тибқи русуми сидӯниёни ором ва бепарво умр ба сар мебурданд, ва дар ин замин ҳокиме набуд, ки осебе расонад, ва онҳо аз сидӯниён дур буда, бо касе коре надоштанд.


Ва дар он айёме ки подшоҳе дар Исроил набуд, марди левизодае дар ақсои кӯҳи Эфроим сукунат дошт, ва зани суррияе аз Байт‐Лаҳми Яҳудо барои худ гирифта буд.


Ва аз он ҷо банӣ‐Исроил дар он вақт ҳар яке ба сибти худ ва ба қабилаи худ равона шуданд, ва аз он ҷо ҳар яке ба мулки худ берун омаданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan