20 Ва ба банӣ‐Биньёмин амр фармуда, гуфтанд: «Биравед ва дар токзорҳо камин гиред.
Ва гуфтанд: «Инак, дар Шилӯ, ки ба тарафи шимолии Байт‐Ил ва ба тарафи шарқии роҳе ки аз Байт‐Ил ба Шакем мебарад, ва ба тарафи ҷанубии Лабӯно воқеъ аст, ҳар сол иди Худованд гузаронида мешавад».
Ва чун дидед, ки инак, духтарони Шилӯ барои рақсидан ба майдони рақсу суруд баромадаанд, шумо аз токзорҳо берун омада, ҳар яке барои худ аз духтарони Шилӯ зане бирабоед ва ба замини Биньёмин биравед.