Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 21:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва қавм ба Байт‐Ил омада, то шом дар он ҷо ба хузури Худо нишастанд, ва овози худро баланд карда, зор‐зор гиристанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 21:2
10 Iomraidhean Croise  

Ва Эсов ба падари худ гуфт: «Наход ки ҳамин як баракатро доштӣ, падарам? Маро низ баракат деҳ, падарам!» Ва Эсов овози худро баланд карда, гирист.


Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар Шилӯ ҷамъ шуда, дар он ҷо хаймаи ҷомеъро барқарор карданд; ва кишварро онҳо мусаххар карда буданд.


Ва ҳангоме ки фариштаи Худованд ин суханонро ба тамоми банӣ‐Исроил гуфт, қавм овози худро баланд карда, гиристанд.


Ва бархоста, ба Байт‐Ил рафтанд, ва аз Худо пурсиданд, ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист, ки аз миёни мо аввал бар зидди банӣ‐Биньёмин ба ҷанг барояд?» Ва Худованд гуфт: «Яҳудо аввал барояд».


Ва банӣ‐Исроил баромада, ба ҳузури Худованд то шом гиристанд, ва аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Оё боз бар зидди бародарони худ банӣ‐Биньёмин барои ҷанг наздик оем?» Ва Худованд ғуфт: «Бар зидди онҳо бароед».


Ва тамоми банӣ‐Исроил, тамоми қавм баромада, ба Байт‐Ил омаданд, ва гириста, дар он ҷо ба хузури Худованд нишастанд, ва дар он рӯз то шом рӯза доштанд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ ба ҳузури Худованд оварданд.


Ва аз миёни сокинони Ёбиш‐Ҷилъод чорсад духтари бокираи бо мард нахобидаро ёфтанд, ва онҳоро ба ӯрдугоҳи Шилӯ, ки дар замини Канъон аст, оварданд.


Ва гуфтанд: «Чаро, эй Худованд Худои Исроил, чунин воқеа дар Исроил рӯй дод, ки имрӯз як сибт аз Исроил кам мешавад?»


Ва қосидон ба Ҷибъои Шоул омада, ин суханонро ба гӯши қавм расониданд; ва тамоми қавм овози худро баланд карда, гиристанд.


Ва Довуд ва қавме ки бо ӯ буданд, овози худро баланд карда, гиристанд, то ба дараҷае ки дигар маҷоли гиристан надоштанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan