Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 21:19 - Китоби Муқаддас 1992 1999

19 Ва гуфтанд: «Инак, дар Шилӯ, ки ба тарафи шимолии Байт‐Ил ва ба тарафи шарқии роҳе ки аз Байт‐Ил ба Шакем мебарад, ва ба тарафи ҷанубии Лабӯно воқеъ аст, ҳар сол иди Худованд гузаронида мешавад».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 21:19
20 Iomraidhean Croise  

Ба бенавоён ва ятимон додгарӣ намоед; мазлумон ва мискинонро сафед кунед;


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: чун ба замине ки Ман ба шумо медиҳам, биёед, ва ҳосили онро дарав намоед, — банди аввали навбарҳои даравидаи худро назди коҳин биёред.


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: идҳои Худованд, ки онҳоро шумо бояд ҷамъомадҳои муқаддас бихонед, — инҳоянд идҳои Ман:


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: дар рӯзи понздаҳуми ин моҳи ҳафтум — иди хаймаҳо ҳафт рӯз барои Худованд аст.


Инҳо идҳои Худованд, ҷамъомадҳои муқаддас мебошанд, ки онҳоро шумо бояд дар вақташ даъват намоед:


Ва дар рӯзи понздаҳуми ин моҳ фатир барои Худованд аст; хафт рӯз фатир бихӯред.


Ва дар рӯзи хурсандии худ, ва дар идҳо ва навмоҳҳои худ карнайҳоро бар қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои саломатии худ бинавозед, ва ин барои шумо ба ҳузури Худои шумо ёдгорӣ хоҳад буд. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».


Ва дар моҳи якум, дар рӯзи чордаҳуми моҳ, фисҳ барои Худованд аст.


Ва дар рӯзи навбарҳо, вақте ки ҳадияи ордии тоза барои Худованд дар иди ҳафтаҳои худ тақдим менамоед, бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед.


Ва дар рӯзи понздахуми моҳи ҳафтум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед, ва иди Худовандро ҳафт рӯз ид кунед.


Пас аз он яҳудиёнро иде буд, ва Исо ба Ерусалим омад.


Ва иди яҳудиён, ки иди хаймаҳо бошад, наздик буд.


Моҳи абибро риоя намо, ва фисҳро барои Худованд Худои худ ба ҷо овар; зеро ки дар моҳи абиб туро Худованд Худои ту аз Миср шабона берун овард.


Ва иди ҳафтаҳоро барои Худованд Худои худ бо ҳадияи дасти босаховати худ ба ҷо овар, ки онро бар ҳасби баракате ки Худованд Худоят ба ту бидиҳад, тақдим хоҳӣ кард.


Иди хаймаҳоро, баъд аз он ки аз хирмани худ ва аз чархушти худ ғунучин намоӣ, ҳафт рӯз ба ҷо овар.


Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар Шилӯ ҷамъ шуда, дар он ҷо хаймаи ҷомеъро барқарор карданд; ва кишварро онҳо мусаххар карда буданд.


Ва санами Михоро, ки сохта буд, дар тамоми айёме ки хонаи Худо дар Шилӯ буд, барои худ гузоштанд.


Ва ба банӣ‐Биньёмин амр фармуда, гуфтанд: «Биравед ва дар токзорҳо камин гиред.


Ва он мард ҳар сол аз шаҳри худ мерафт, то ки Худованди лашкарҳоро дар Шилӯ ибодат намояд ва барои Ӯ курбонӣ кунад; ва дар он чо ду писари Элӣ, Ҳофнӣ ва Финҳос, коҳинони Худованд буданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan