15 Валекин қавм дар хусуси Биньёмин пушаймон буданд, зеро ки Худованд дар сибтҳои Исроил рахнае ба амал оварда буд.
Ва Довуд ғамгин шуд, ки Худованд Уззоро зарба зад; ва он макон то имрӯз Форас‐Уззо номида мешавад.
Зеро, азбаски бори аввал шумо онро набардоштед, Худованд Худои мо моро зарба зад, чунки онро бар тибқи қонун толиб нашудем».
Аз ин рӯ ин гуноҳ барои шумо мисли рахнаи пуртаҳдиде ки дар ҳисори баланд пайдо шуда бошад, хоҳад буд, ки фурӯғалтии он ҳисор баногоҳ, дар як он ба амал хоҳад омад.
Ва онҳое ки аз ту ба вуҷуд меоянд, харобаҳои қадимро бино хоҳанд кард, ва ту асосҳои чандин асрро барпо хоҳӣ намуд, ва туро таъмиркунандаи рахнаҳо, ободкунандаи роҳҳо барои сукунат хоҳанд номид.
Дар он вақт биньёминиён баргаштанд, ва духтаронеро, ки аз занони Ёбиш‐Ҷилъод зинда нигоҳ дошта буданд, ба онҳо доданд, вале ин адад барояшон кифоят накард.
Ва пирони ҷамоат гуфтанд: «Бо бақияи онҳо дар бобати занон чӣ бояд бикунем? Зеро ки занон аз байни Биньёмин маҳв шудаанд».
Ва гуфтанд: «Бигзор мулки Биньёмин мероси растагорони вай гардад, то сибте аз Исроил маҳв нашавад.
Ва банӣ‐Исроил дар хусуси бародари худ Биньёмин пушаймон шуда, гуфтанд: «Имрӯз як сибт аз Исроил маҳв шуд.