13 Ва тамоми ҷамоат назди банӣ‐Биньёмин, ки дар сахраи Риммӯн буданд, барои гуфтугӯ кас фиристода, онҳоро ба сулҳ даъват карданд.
Ман самари лабҳоро ба вуҷуд хоҳам овард, ки чунин аст: осоиштагӣ, осоиштагӣ ба касе ки дур аст, ва ба касе ки наздик аст, — мегӯяд Худованд, — ва ӯро шифо хоҳам дод».
Ба ҳар хонае ки медароед, аввал гӯед: „Салом бар ин хона бод!“
Ӯ ба шумо, ки дур будед, ва ба онҳое ки наздик буданд, омад ва осоиштагиро башорат дод,
Ҳангоме ки ба шаҳре наздик оӣ, то ки барои забти он ҷанг кунӣ, онро ба сулҳ даъват намо.
Лебоӯт, Шилҳим, Айин ва Риммӯн, — ҷамъ бисту нӯҳ шаҳр бо деҳоташон.
Ва онҳо тоб хӯрда, ба биёбон, сӯи сахраи Риммӯн гурехтанд, вале аз онҳо панҷ ҳазор нафарро дар роҳҳо ба ҳалокат расониданд; ва онҳоро то Ҷидъӯм таъқиб карда, аз онҳо ду ҳазор нафарро куштанд.
Ва шашсад нафар тоб хӯрда, ба биёбон, сӯи сахраи Риммӯн гурехтанд, ва чор моҳ дар сахраи Риммӯн истоданд.
Ва аз миёни сокинони Ёбиш‐Ҷилъод чорсад духтари бокираи бо мард нахобидаро ёфтанд, ва онҳоро ба ӯрдугоҳи Шилӯ, ки дар замини Канъон аст, оварданд.
Дар он вақт биньёминиён баргаштанд, ва духтаронеро, ки аз занони Ёбиш‐Ҷилъод зинда нигоҳ дошта буданд, ба онҳо доданд, вале ин адад барояшон кифоят накард.