Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 21:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва ҷамоат дувоздаҳ ҳазор нафар ҷанговарони далерро ба он ҷо фиристоданд, ва ба онҳо амр фармуда, гуфтанд: «Биравед ва сокинони Ёбиш‐Ҷилъодро бо занон ва кӯдаконашон ба дами шамшер бикушед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 21:10
9 Iomraidhean Croise  

Ва алҳол, ҳар писарбачаро бикушед, ва ҳар занеро, ки бо мард ҳамхоб шуда бошад, бикушед.


Сокинони он шаҳрро бо дами шамшер сахт зарба бизан; онро бо ҳар чизе ки дар он аст, ва чорпоёнашро бо дами шамшер несту нобуд бикун.


Ва Ехушаъ, ва тамоми Исроил ҳамроҳи ӯ, Охон ибни Зораҳ ва нуқра ва ҷома ва сихи тилло, ва писаронаш ва духтаронаш, ва говонаш ва харонаш, ва бузу гӯсфан донаш ва хаймааш ва ҳар чиро, ки дошт, гирифтанд, ва онҳоро ба водии Охӯр бароварданд.


Ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ки ба ҷамъомади назди Худованд наомадааст?» Зеро қасами сахт хӯрда гуфта буданд, ки ҳар кӣ назди Худованд ба Мисфо наомада бошад, бояд ҳатман кушта шавад.


Ва гуфтанд: «Оё ягон сибти Исроил ҳаст, ки ба Мисфо назди Худованд наомада бошад?» Ва инак, аз Ёбиш‐Ҷилъод касе ба ҷамъомади ӯрдугоҳ наомадааст.


Ва қавм аз назар гузаронида шуданд, ва инак, аз сокинони Ёбиш‐Ҷилъод касе дар он ҷо набуд.


Мерӯзро лаънат кунед! — мегӯяд фариштаи Худованд, — сокинони онро сахт лаънат кунед, зеро ки ба мадади Худованд наомаданд, то ки Худовандро дар миёни баҳодурон дастгирӣ намоянд.


Ва ҷуфти говонро гирифта, пора‐пора кард, ва ба воситаи қосидон ба тамоми ҳудуди Исроил фиристода, гуфт: «Касе ки аз паи Шоул ва аз паи Самуил берун наояд, ба говонаш ҳамин тавр карда хоҳад шуд». Ва тарси Худованд бар қавм афтод, ва ҳама мисли як тан берун омаданд.


Акнун ту рафта, ба Амолеқ шикаст расон; ва ҳар он чи вай дорад, несту нобуд кунед; ва ба ӯ раҳм накун, балки аз мард то зан, аз кӯдак то тифли ширмак, аз гов то гӯсфанд, аз шутур то хар бикуш“».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan