Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 21:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва исроилиён дар Мисфо қасам хӯрда, гуфтанд: «Касе аз мо духтарашро ба биньёминӣ ба занӣ нахоҳад дод».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 21:1
19 Iomraidhean Croise  

Зеро ки хоб дидан аз шуғли бисьёр пайдо мешавад, ва овози аблаҳ аз сухани бисьёр.


Ва агар дар ростӣ, инсоф ва адолат „ба ҳаёти Худованд!“ гӯён қасам ёд кунӣ, он гоҳ халқҳо дар вай баракат хоҳанд хост ва бо вай фахр хоҳанд кард».


Ва Ирмиё назди Ҷадальё ибни Аҳиқом ба Мисфо омада, бо ӯ дар миёни қавме ки дар мамлакат боқӣ монда буданд, сокин шуд.


Ва қасам ёд кард, ки «ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, ҳатто нисфи қаламрави ман бошад ҳам, ба ту медиҳам».


Чун чашми рӯз кушода шуд, баъзе аз яҳудиён забон як карда, қасам хӯрданд, ки то Павлусро накушанд, ба ҳеҷ хӯрданӣ ва нӯшиданӣ лаб назананд;


Зеро дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, ки рашки Худоро доранд, аммо на аз рӯи фаҳм.


Ва тамоми банӣ‐Исроил берун омаданд, ва ҷамоат мисли як тан, аз Дон то Беэр‐Шобаъ ва замини Ҷилъод, ба ҳузури Худованд дар Мисфо ҷамъ шуданд.


Ва даҳ нафар аз сад аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ва сад нафар аз ҳазор, ва ҳазор нафар аз бевар бигирем, то ки тӯша барои қавм биёранд; ва ҳамин ки онҳо баргарданд, мо ба Ҷабъаи Биньёмин мувофиқи тамоми қабоҳате ки вай дар ҳаққи Исроил ба амал овардааст, амал намоем».


Ва исроилиён назди банӣ‐Биньёмин баргашта, онҳоро ба дами шамшер куштанд: тамоми аҳли шаҳр ва чорпоён ва ҳар чиро, ки ёфтанд; низ ҳамаи шаҳрҳоеро, ки ёфтанд, оташ дода сӯзониданд.


Ва тамоми қавм, чун як тан, қиём намуда, гуфтанд: «Ҳеҷ яке аз мо ба хаймаи худ нахоҳем рафт, ва ҳеҷ яке аз мо ба хонаи худ нахоҳем шитофт.


Вале мо наметавонем духтарони худро ба онҳо ба занӣ диҳем, зеро ки банӣ‐Исроил қасам хӯрда, гуфтаанд: „Малъун бод касе ки ба Биньёмин зан диҳад!“»


Ва ҳангоме ки падарон ё бародарони онҳо назди мо омада шикоят кунанд, мо ба онҳо хоҳем гуфт: „Онҳоро бибахшед, зеро ки ҳар яке зани худро дар ҷанг ба даст наовардаанд, ва шумо низ ба онҳо надодаед, ки алҳол айбдор шавед“».


Ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ки ба ҷамъомади назди Худованд наомадааст?» Зеро қасами сахт хӯрда гуфта буданд, ки ҳар кӣ назди Худованд ба Мисфо наомада бошад, бояд ҳатман кушта шавад.


Пас, бо бақияи онҳо дар бобати занон чӣ бояд бикунем? Мо, охир, ба Худованд қасам хӯрдаем, ки духтарони худро ба онҳо ба занӣ надиҳем».


Ва мардуми Исроил дар он рӯз бемаҷол гардида буданд, зеро ки Шоул қавмро қасам дода гуфта буд: «Малъун бод касе ки то шом, то даме ки ман аз душманонам интиқом гирам, хӯроке бихӯрад!» Ва тамоми қавм чизе нахӯрданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan