Ва онҳоро ба воситаи қуръа тақсим карданд, — якеро бо дигаре, — зеро ки сарварони қудс ва сарварони хонаи Худо ҳам аз банӣ‐Элъозор буданд ва ҳам аз банӣ‐Итомор.
Ва сарварони қавм дар Ерусалим сокин буданд; ва бақияи қавм қуръа партофтанд, то ки аз даҳ як қисмро барои сукунат ба шаҳри муқаддаси Ерусалим биёранд, ва нӯҳ қисми боқӣ дар шаҳрҳои дигар сокин шаванд.
Ва даҳ нафар аз сад аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ва сад нафар аз ҳазор, ва ҳазор нафар аз бевар бигирем, то ки тӯша барои қавм биёранд; ва ҳамин ки онҳо баргарданд, мо ба Ҷабъаи Биньёмин мувофиқи тамоми қабоҳате ки вай дар ҳаққи Исроил ба амал овардааст, амал намоем».