8 Ва тамоми қавм, чун як тан, қиём намуда, гуфтанд: «Ҳеҷ яке аз мо ба хаймаи худ нахоҳем рафт, ва ҳеҷ яке аз мо ба хонаи худ нахоҳем шитофт.
Риоя кардани адлу инсоф назди Худованд мақбултар аз қурбонист.
Ҳар коре ки карданаш аз дасти ту ояд, алоқадри қуввати худ бикун, зеро дар гӯр, ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат.
Ва тамоми банӣ‐Исроил берун омаданд, ва ҷамоат мисли як тан, аз Дон то Беэр‐Шобаъ ва замини Ҷилъод, ба ҳузури Худованд дар Мисфо ҷамъ шуданд.
Ва ҳамаи исроилиён якдилона, чун як тан, назди он шаҳр ҷамъ омаданд.
Инак ҳамаи шумо, эй банӣ‐Исроил, муҳокима ва машварати худро дар ин ҷо бикунед».
Ва алҳол мо бояд дар ҳаққи Ҷабъа чунин коре бикунем: мувофиқи қуръа бар он битозем.
Ва исроилиён дар Мисфо қасам хӯрда, гуфтанд: «Касе аз мо духтарашро ба биньёминӣ ба занӣ нахоҳад дод».
Ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ки ба ҷамъомади назди Худованд наомадааст?» Зеро қасами сахт хӯрда гуфта буданд, ки ҳар кӣ назди Худованд ба Мисфо наомада бошад, бояд ҳатман кушта шавад.