Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 20:47 - Китоби Муқаддас 1992 1999

47 Ва шашсад нафар тоб хӯрда, ба биёбон, сӯи сахраи Риммӯн гурехтанд, ва чор моҳ дар сахраи Риммӯн истоданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 20:47
9 Iomraidhean Croise  

Агар Худованди лашкарҳо бақияи андаке барои мо намегузошт, мо мисли Садӯм мешудем ва ба Амӯро монандӣ медоштем.


Агарчи гуноҳҳои мо бар зидди мо шаҳодат медиҳад, Ту, эй Худованд, ба хотири исми Худ амал намо; зеро ки муртадиҳои мо бисьёр шудааст, ва мо пеши Ту гуноҳкор ҳастем.


Балки, агар ғамгин кунад, аз рӯи эҳсонкории бузурги Худ марҳамат хоҳад намуд,


Худовандо! Овозатро шунидам — ҳаросон шудам. Худовандо! Амали Худро дар солҳои наздик зинда намо, дар солҳои наздик онро зоҳир бисоз; дар вақти ғазаб раҳмро ба ёд овар.


Тамоми ин замин, аз Ҷабъ то Риммӯн, ки ба тарафи ҷануби Ерусалим аст, ба даштрӯяе табдил хоҳад ёфт, дар сурате ки Ерусалим боз ҳам баландтар шуда, дар макони худ аз дарвозаи Биньёмин то ҷои дарвозаи аввалин ва то дарвозаи кунҷакӣ, ва аз бурҷи Ҳананъил то чархушти подшоҳ маскун хоҳад гардид.


Ҳамаи касоне ки аз Биньёмин дар он рӯз талаф шуданд, бисту панҷ ҳазор нафар шамшерзан буданд, ки ҳамаашон мардони ҷангӣ буданд.


Ва исроилиён назди банӣ‐Биньёмин баргашта, онҳоро ба дами шамшер куштанд: тамоми аҳли шаҳр ва чорпоён ва ҳар чиро, ки ёфтанд; низ ҳамаи шаҳрҳоеро, ки ёфтанд, оташ дода сӯзониданд.


Ва тамоми ҷамоат назди банӣ‐Биньёмин, ки дар сахраи Риммӯн буданд, барои гуфтугӯ кас фиристода, онҳоро ба сулҳ даъват карданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan