44 Ва ҳаждаҳ ҳазор нафар аз биньёминиён фурӯ ғалтиданд, ки ҳамаашон мардони ҷангӣ буданд.
Дар шумор овардашудагон аз сибти Биньёмин сию панҷ ҳазору чорсад нафар буданд.
Ва Худованд ба Биньёмин пеши Исроил шикаст расонид, ва банӣ‐Исроил дар он рӯз бисту панҷ ҳазору сад нафарро аз Биньёмин куштанд, ки ҳамаашон шамшерзан буданд.
Биньёминиёнро иҳота намуда, гирифтори таъқиб карданд, ва дар Менуҳо, ки дар рӯ ба рӯи тарафи шарқии Ҷабъа воқеъ аст, онҳоро торумор сохтанд.
Ва онҳо тоб хӯрда, ба биёбон, сӯи сахраи Риммӯн гурехтанд, вале аз онҳо панҷ ҳазор нафарро дар роҳҳо ба ҳалокат расониданд; ва онҳоро то Ҷидъӯм таъқиб карда, аз онҳо ду ҳазор нафарро куштанд.