41 Ва исроилиён баргаштанд, ва биньёминиён ба воҳима афтоданд, зеро диданд, ки фалокат бар сарашон омадааст.
Адолати шахси беайб роҳи ӯро ҳамвор мекунад, вале шарир дар шарорати худ фурӯ меғалтад.
Адолати ростдилон онҳоро наҷот медиҳад, вале хоинон дар ҳирси худ гирифтори бало мешаванд.
Шарир ба доми ҷинояташ гирифтор хоҳад шуд, вале одил дилхушӣ ва хурсандӣ мекунад.
Шарирро гуноҳҳои худаш ба дом меоварад, ва бо камандҳои хатои худаш вай баста мешавад.
Гуноҳкорон дар Сион ба ҳарос афтодаанд, риёкоронро ларза гирифтааст: «Кист аз мо, ки тавонад дар оташи сӯзон сокин шавад? Кист аз мо, ки тавонад дар алангаи абадӣ сокин шавад?»
Ва одамон аз тарсу ҳарос ва интизории он мусибатҳое ки ба сари ҷаҳон меояд, аз ҳол хоҳанд рафт, зеро ки кувваҳои афлок мутазалзил хоҳанд шуд.
Чун бигӯянд: «Осоиштагӣ ва амният», — он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ халос нахоҳанд шуд.
Ва мардуми Ой ба ақиби худ назар андохта диданд, ки инак, дуди шаҳр ба осмон мебарояд; ва онҳоро маҷоли он набуд, ки ба ин тараф ё он тараф бигрезанд; ва қавме ки сӯи биёбон мегурехтанд, бар таъқибкунандагони худ баргаштанд.
Аммо онҳо ҳамчун ҳайвоноти безабоне ки табиатан барои шикор ва талаф таваллуд ёфтаанд, ба он чи намефаҳманд, бӯҳтон мезананд, ва онҳо дар фасоди худ талаф хоҳанд шуд,