40 Дар ҳамин вақт аз шаҳр сутуни ғафси дуд баланд шудан гирифт, ва биньёминиён ба ақиби худ назар андохтанд, ва инак, дуд аз тамоми шаҳр сӯи осмон мебарояд,
Ва мардуми Ой ба ақиби худ назар андохта диданд, ки инак, дуди шаҳр ба осмон мебарояд; ва онҳоро маҷоли он набуд, ки ба ин тараф ё он тараф бигрезанд; ва қавме ки сӯи биёбон мегурехтанд, бар таъқибкунандагони худ баргаштанд.
Ва инак, пирамарде бегоҳирӯзӣ аз кори худ аз саҳро бармегашт; ва ин мард аз кӯҳи Эфроим буда, дар Ҷабъа сукунат дошт, вале мардуми ин макон аз сибти Биньёмин буданд.