38 Ва аломате дар миёни исроилиён ва каминварон қарор дода шуда буд, ки онҳо бояд аз даруни шаҳр сутунҳои ғафси дудро баланд кунанд.
Вале аҳди Худро бо Исҳоқ барқарор хоҳам кард, ки Соро ӯро соли дигар дар ҳамин вақт ба ту хоҳад зоид».
Ва ӯ гуфт: «Баъд аз як сол, расо дар ҳамин вақт, ту писаре дар оғӯш хоҳӣ гирифт». Вай гуфт: «Не, эй оғоям, марди Худо, чӯрии худро ноумед накун».
Ва қавмро, яъне тамоми ӯрдуеро, ки буданд, ба тарафи шимолии шаҳр, ва каминваронро ба тарафи ғарбии шаҳр ҷойгир карданд; ва Еҳушаъ он шаб ба миёни водӣ рафт.
Ва мардуми Ой ба ақиби худ назар андохта диданд, ки инак, дуди шаҳр ба осмон мебарояд; ва онҳоро маҷоли он набуд, ки ба ин тараф ё он тараф бигрезанд; ва қавме ки сӯи биёбон мегурехтанд, бар таъқибкунандагони худ баргаштанд.