Ва мусибате ба сари ту хоҳад омад, ки дафъи онро нахоҳӣ донист; ва фалокате бар ту фурӯд хоҳад омад, ки ба пешгирии он қодир нахоҳӣ буд; ва ҳалокате ногаҳон ба сари ту хоҳад омад, ки илоҷи онро нахоҳӣ донист.
Ва Худованд ба Биньёмин пеши Исроил шикаст расонид, ва банӣ‐Исроил дар он рӯз бисту панҷ ҳазору сад нафарро аз Биньёмин куштанд, ки ҳамаашон шамшерзан буданд.