33 Ва ҳамаи исроилиён аз ҷои худ бархоста, дар Баал‐Томор саф бастанд; ва каминварони Исроил аз камингоҳи худ, аз майдони назди Ҷабъа ҷаста баромаданд.
Ва банӣ‐Биньёмин гуфтанд: «Онҳо пеши мо, мисли пештара, фурӯ меғалтанд». Вале банӣ‐Исроил гуфтанд: «Бигрезем, то ки ӯро аз шаҳр ба сӯи роҳҳо дур кунем».