32 Ва банӣ‐Биньёмин гуфтанд: «Онҳо пеши мо, мисли пештара, фурӯ меғалтанд». Вале банӣ‐Исроил гуфтанд: «Бигрезем, то ки ӯро аз шаҳр ба сӯи роҳҳо дур кунем».
Ва ман ва тамоми қавме ки бо мананд, ба шаҳр наздик хоҳем шуд; ва ҳамин ки онҳо, мисли дафъаи аввал, ба пешвози мо берун оянд, мо аз пеши онҳо хоҳем гурехт.
Ва онҳо моро дунболагирӣ хоҳанд кард, то даме ки онҳоро аз шаҳр дур созем, ба тавре ки онҳо хоҳанд гуфт: „Мисли дафъаи аввал аз пеши мо мегурезанд“. Ва мо аз пеши онҳо хоҳем гурехт.
Ва банӣ‐Биньёмин ба пешвози қавм берун омада, аз шаҳр дур шуданд, ва дар роҳҳо, ки яке сӯи Байт‐Ил ва дигаре сӯи Ҷабъа мебурд, мисли дафъаҳои пеш ба куштани қавм шурӯъ карданд, ва қариб сӣ нафар аз исроилиён дар саҳро кушта шуданд.
Ва ҳамаи исроилиён аз ҷои худ бархоста, дар Баал‐Томор саф бастанд; ва каминварони Исроил аз камингоҳи худ, аз майдони назди Ҷабъа ҷаста баромаданд.
Ва ҳангоме ки исроилиён дар ҷанг қафо гаштанд, ва Биньёмин ба задани исроилиён шурӯъ намуда, тақрибан сӣ нафарро аз онҳо куштанд, ва гуфтанд: «Онҳо пеши мо мисли ҷанги якум фурӯ меғалтанд», —