30 Ва банӣ‐Исроил дар рӯзи сеюм ба муқобили банӣ‐Биньёмин баромаданд, ва мисли дафъаҳои пеш назди Ҷабъа саф бастанд.
Ва исроилиён гирдогирди Ҷабъа каминҳо гузоштанд.
Ва банӣ‐Биньёмин ба пешвози қавм берун омада, аз шаҳр дур шуданд, ва дар роҳҳо, ки яке сӯи Байт‐Ил ва дигаре сӯи Ҷабъа мебурд, мисли дафъаҳои пеш ба куштани қавм шурӯъ карданд, ва қариб сӣ нафар аз исроилиён дар саҳро кушта шуданд.