29 Ва исроилиён гирдогирди Ҷабъа каминҳо гузоштанд.
Ва Довуд аз Худованд пурсид, ва Ӯ гуфт: «Набаро, балки аз ақибашон давр зада, аз ҷониби дарахтони тут ба онҳо наздик шав,
Ва бо Ой ва подшоҳаш тавре амал намо, ки бо Ериҳӯ ва подшоҳаш амал намудӣ, фақат ғаниматаш ва чорпоёнашро барои худ тороҷ кунед; дар пушти шаҳр барои худ камин бисоз».
Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Инак, шумо назди шаҳр аз пушти шаҳр камин хоҳед кард; аз шаҳр бисьёр дур наравед, ва ҳамаатон тайёр бошед.
Ва банӣ‐Исроил дар рӯзи сеюм ба муқобили банӣ‐Биньёмин баромаданд, ва мисли дафъаҳои пеш назди Ҷабъа саф бастанд.
Ва даҳ ҳазор марди баргузида, ки аз тамоми Исроил буданд, аз пеши Ҷабъа наздик омаданд, ва ҳарбу зарби сахте рӯй дод, ва биньёминиён надонистанд, ки фалокате ба сарашон меояд.