Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 20:26 - Китоби Муқаддас 1992 1999

26 Ва тамоми банӣ‐Исроил, тамоми қавм баромада, ба Байт‐Ил омаданд, ва гириста, дар он ҷо ба хузури Худованд нишастанд, ва дар он рӯз то шом рӯза доштанд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ ба ҳузури Худованд оварданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 20:26
18 Iomraidhean Croise  

Ва он маконро Байт‐Ил номид; вале номи он шаҳр аввал Луз буд.


Ва тамоми қавм омаданд, то ки Довудро нон бихӯронанд, дар сурате ки ҳанӯз рӯз буд; вале Довуд қасам хӯрда, гуфт: «Худо бо ман чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар ман пеш аз фурӯ рафтани офтоб нон ё чизи дигаре бихӯрам».


Ва Еҳӯшофот ба ҳарос афтод, ва ба мадади Худованд рӯй овард, ва дар тамоми Яҳудо рӯзадорӣ эълон кард.


Ва дар он ҷо, назди наҳри Аҳаво, ман рӯзадорӣ эълон кардам, то ки дар ҳузури Худои мо тавозӯъ намуда, аз Ӯ барои худамон ва барои кӯдаконамон ва барои тамоми молу мулкамон роҳи рост талаб кунем,


Ва дар соли панҷуми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо воқеъ шуд, ки дар моҳи нӯҳум тамоми қавме ки дар Ерусалим буданд, ва тамоми қавме ки аз шаҳрҳои Яҳудо ба Ерусалим омаданд, ба ҳузури Худованд рӯза эълон карданд.


Рӯза эълон кунед, маҷлис даъват намоед, пирон ва ҳамаи сокинони ин заминро ба хонаи Худованд Худои худ ҷамъ оваред, ва сӯи Худованд истиғоса баред.


Ва Еҳушаъ ҳамаи сибтҳои Исроилро дар Шакем ҷамъ кард, ва пирони Исроил, раисон, доварон ва нозирони онҳоро даъват намуд, ва онҳо ба хузури Худо истоданд.


Ва Еҳушаъ либосҳояшро чок зад, ва пеши сандуқи Худованд то шом рӯ ба замин афтод, — ӯ ва пирони Исроил, — ва хок бар сари худ пошиданд.


Ва бархоста, ба Байт‐Ил рафтанд, ва аз Худо пурсиданд, ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист, ки аз миёни мо аввал бар зидди банӣ‐Биньёмин ба ҷанг барояд?» Ва Худованд гуфт: «Яҳудо аввал барояд».


Ва банӣ‐Исроил баромада, ба ҳузури Худованд то шом гиристанд, ва аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Оё боз бар зидди бародарони худ банӣ‐Биньёмин барои ҷанг наздик оем?» Ва Худованд ғуфт: «Бар зидди онҳо бароед».


Ва биньёминиён дар рӯзи дуюм ба пешвози онҳо аз Ҷабъа берун омаданд ва аз банӣ‐Исроил боз ҳаждаҳ ҳазор нафарро кушта бар замин ғалтониданд, ки ҳамаашон шамшерзан буданд.


Ва қавм ба Байт‐Ил омада, то шом дар он ҷо ба хузури Худо нишастанд, ва овози худро баланд карда, зор‐зор гиристанд.


Ва фардояш қавм субҳидам бархоста, дар он ҷо қурбонгоҳ бино карданд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ оварданд.


Ва қосидон ба Ҷибъои Шоул омада, ин суханонро ба гӯши қавм расониданд; ва тамоми қавм овози худро баланд карда, гиристанд.


Ва онҳо дар Мисфо ҷамъ шуданд, ва об кашида, ба ҳузури Худованд рехтанд, ва дар он рӯз рӯза доштанд, ва дар он ҷо гуфтанд: «Мо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардаем». Ва Самуил банӣ‐Исроилро дар Мисфо доварӣ намуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan