Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 20:23 - Китоби Муқаддас 1992 1999

23 Ва банӣ‐Исроил баромада, ба ҳузури Худованд то шом гиристанд, ва аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Оё боз бар зидди бародарони худ банӣ‐Биньёмин барои ҷанг наздик оем?» Ва Худованд ғуфт: «Бар зидди онҳо бароед».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 20:23
14 Iomraidhean Croise  

Ва тамоми қавм омаданд, то ки Довудро нон бихӯронанд, дар сурате ки ҳанӯз рӯз буд; вале Довуд қасам хӯрда, гуфт: «Худо бо ман чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар ман пеш аз фурӯ рафтани офтоб нон ё чизи дигаре бихӯрам».


Ман рафта, ба макони Худ бармегардам, то даме ки онҳо ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ва толиби рӯи Ман гарданд; дар тангии худ онҳо бо зудӣ ба Ман рӯ хоҳанд овард.


Ва Еҳушаъ либосҳояшро чок зад, ва пеши сандуқи Худованд то шом рӯ ба замин афтод, — ӯ ва пирони Исроил, — ва хок бар сари худ пошиданд.


Ва Еҳушаъ гуфт: «Ё Худоё Худовандо! Чаро ин қавмро аз Урдун убур кунондӣ, то ки моро ба дасти амӯриён супурда, ба ҳалокат бирасонӣ? Кошки мо азм намуда, дар он тарафи Урдун мемондем!


Ва баъд аз вафоти Еҳушаъ чунин воқеъ шуд, ки банӣ‐Исроил аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Кист, ки барои мо бар зидди канъониён аввал хуруҷ намуда, бо онҳо ҷанг кунад?»


Ва бархоста, ба Байт‐Ил рафтанд, ва аз Худо пурсиданд, ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист, ки аз миёни мо аввал бар зидди банӣ‐Биньёмин ба ҷанг барояд?» Ва Худованд гуфт: «Яҳудо аввал барояд».


Вале қавм, яъне исроилиён, қувват ёфта, дар ҳамон ҷое ки рӯзи якум саф баста буданд, аз нав барои ҷанг саф бастанд.


Ва банӣ‐Исроил дар рӯзи дуюм ба ҷониби банӣ‐Биньёмин пеш омаданд.


Ва қавм ба Байт‐Ил омада, то шом дар он ҷо ба хузури Худо нишастанд, ва овози худро баланд карда, зор‐зор гиристанд.


Ва аз он ҷо зуд гузашта рафта, ба булути Тобӯр хоҳӣ расид, ва дар он ҷо ба ту се мард дучор хоҳанд омад, ки сӯи Худо ба Байт‐Ил мераванд; яке аз онҳо се бузғоларо бардошта мебарад, дигаре се қурси нонро бардошта мебарад, ва сеюмӣ машки шаробро бардошта мебарад.


Ва қосидон ба Ҷибъои Шоул омада, ин суханонро ба гӯши қавм расониданд; ва тамоми қавм овози худро баланд карда, гиристанд.


Ва онҳо дар Мисфо ҷамъ шуданд, ва об кашида, ба ҳузури Худованд рехтанд, ва дар он рӯз рӯза доштанд, ва дар он ҷо гуфтанд: «Мо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардаем». Ва Самуил банӣ‐Исроилро дар Мисфо доварӣ намуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan