Ва аз банӣ‐Биньёмин дар он рӯз аз шаҳрҳо бисту шаш ҳазор марди шамшерзан саф кашиданд; ғайр аз ин, аз сокинони Ҷабъа ҳафтсад нафар баргузидагон саф кашиданд.
Ва банӣ‐Исроил баромада, ба ҳузури Худованд то шом гиристанд, ва аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Оё боз бар зидди бародарони худ банӣ‐Биньёмин барои ҷанг наздик оем?» Ва Худованд ғуфт: «Бар зидди онҳо бароед».