Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 20:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва сардорони тамоми қавм, ҳамаи сибтҳои Исроил, дар ҷамъомади қавми Худо, ки аз чорсад ҳазор нафар пиёдаи шамшерзан иборат буданд, ҳозир шуданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 20:2
9 Iomraidhean Croise  

«Пас чаро ту дар ҳаққи қавми Худо чунин андешидаӣ? Ва подшоҳ бо гуфтани ин сухан мисли айбдор аст, чунки подшоҳ рондашудаи худро барнагардонидааст.


Ва Юоб рӯйхати саршумории қавмро ба подшоҳ пешниҳод кард; аз Исроил ҳаштсад ҳазор нафар ҷанговарони шамшерзан, ва аз Яҳудо панҷсад ҳазор нафар буданд.


Ва подшоҳи Мӯоб дид, ки ҷанг ба ӯ сахтӣ мекунад, ва ӯ ҳафтсад шамшерзанро гирифт, то ки ба тарафи подшоҳи Адӯм зада дарояд, валекин натавонистанд.


Ва ҳангоме ки банӣ‐Исроил инро шуниданд, тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар Шилӯ ҷамъ шуданд, то ки бар зидди онҳо ба ҷанг бароянд.


Ва аз банӣ‐Биньёмин дар он рӯз аз шаҳрҳо бисту шаш ҳазор марди шамшерзан саф кашиданд; ғайр аз ин, аз сокинони Ҷабъа ҳафтсад нафар баргузидагон саф кашиданд.


Ва аз исроилиён, ғайр аз Биньёмин, чорсад ҳазор нафар шамшерзан саф кашиданд, ки ҳамаашон мардони ҷангӣ буданд.


Ва банӣ‐Биньёмин шуниданд, ки банӣ‐Исроил ба Мисфо омадаанд. Ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Бигӯед, ки ин шарорат чӣ гуна рӯй додааст»?


Ва Забаҳ ва Салмуноъ дар Қарқӯр буданд, ва ӯрдуи онҳо тақрибан аз понздаҳ ҳазор нафар иборат буд, ки инҳо аз тамоми ӯрдуи аҳли машриқ боқӣ монда буданд, чунки саду бист ҳазор нафар мардони ҷангӣ несту нобуд шуда буданд.


Ва ӯ онҳоро дар Бозақ шумурд, ва банӣ‐Исроил сесад ҳазор, ва мардуми Яҳудо сӣ ҳазор буданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan