16 Аз тамоми ин қавм ҳафтсад марди баргузидаи чапдаст буданд, ва ҳамаи инҳо ба мӯе санг меандохтанд, ва хато намекарданд.
Бо камон мусаллаҳ буданд, сангҳо ва тирҳои камонро бо дасти рост ва чап меандохтанд, аз бародарони Шоул, аз Биньёмин буданд:
Ва Узиё барои онҳо, яъне барои тамоми лашкар, сипарҳо ва найзаҳо ва хӯдҳо ва ҷавшанҳо ва камонҳо ва сангҳои фалохмон тайёр кард.
Ва аз исроилиён, ғайр аз Биньёмин, чорсад ҳазор нафар шамшерзан саф кашиданд, ки ҳамаашон мардони ҷангӣ буданд.
Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои онҳо наҷотдиҳандае, яъне Эҳуд ибни Ҷерои биньёминиро, ки марди чапдасте буд, ба майдон овард; ва банӣ‐Исроил ба воситаи ӯ ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳадия фиристоданд.
Ва таёқашро ба дасташ гирифта, ва барои худ аз даруни ҷӯй панҷ санги силиқро хуш кард, ва онҳоро дар кӯлборе ки дошт, яъне дар анбони худ гузошт, ва фалахмонаш дар дасташ буд; ва ба фалиштӣ наздик шудан гирифт.
Ва агар касе бархоста, туро таъқиб намояд ва қасди ҷони ту кунад, ҷони оғоям бо риштаи ҳаёт назди Худованд Худои ту баста хоҳад буд, вале ҷони душманонатро Ӯ мисли он ки аз даруни фалахмон бошад, дур хоҳад андохт.