15 Ва аз банӣ‐Биньёмин дар он рӯз аз шаҳрҳо бисту шаш ҳазор марди шамшерзан саф кашиданд; ғайр аз ин, аз сокинони Ҷабъа ҳафтсад нафар баргузидагон саф кашиданд.
Ва биньёминиён дар рӯзи дуюм ба пешвози онҳо аз Ҷабъа берун омаданд ва аз банӣ‐Исроил боз ҳаждаҳ ҳазор нафарро кушта бар замин ғалтониданд, ки ҳамаашон шамшерзан буданд.
Ва Худованд ба Биньёмин пеши Исроил шикаст расонид, ва банӣ‐Исроил дар он рӯз бисту панҷ ҳазору сад нафарро аз Биньёмин куштанд, ки ҳамаашон шамшерзан буданд.