Доварон 20:13 - Китоби Муқаддас 1992 199913 Ва акнун он шахсони сафилзодаро, ки дар Ҷабъа ҳастанд, таслим намоед, то ки онҳоро ба қатл расонида, шароратро аз Исроил нест кунем». Валекин банӣ‐Биньёмин нахостанд, ки овози бародарони худ банӣ‐Исроилро бишнаванд. Faic an caibideil |
Ва он набӣ ё он бинандаи хобҳо бояд ба қатл расонида шавад, зеро ки вай дар бораи Худованд Худои ту, ки туро аз замини Миср берун овард, ва туро аз хонаи ғуломӣ раҳо кард, суханони фитнаангез гуфтааст, то туро аз роҳе ки Худованд Худоят ба ту амр фармуд, ки бо он равона шавӣ, гумроҳ созад; ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.