Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 20:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва даҳ нафар аз сад аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ва сад нафар аз ҳазор, ва ҳазор нафар аз бевар бигирем, то ки тӯша барои қавм биёранд; ва ҳамин ки онҳо баргарданд, мо ба Ҷабъаи Биньёмин мувофиқи тамоми қабоҳате ки вай дар ҳаққи Исроил ба амал овардааст, амал намоем».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 20:10
7 Iomraidhean Croise  

Бо ҳеҷ яке аз инҳо худро наҷис нагардонед, зеро халқҳое ки Ман онҳоро аз пеши шумо бадар меронам, худро бо ҳамаи инҳо наҷис гардонидаанд.


Бигзор духтарро назди дари хонаи падари вай берун оваранд, ва мардуми шаҳри вай варо сангсор кунанд, то ки бимирад, зеро ки вай дар хонаи падараш зино карда, дар Исроил рафтори зиште ба амал овардааст. Ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.


Ва ҳар кас, ки ғанимати ҳаром назди вай барояд, бигзор худаш ва ҳар чизе ки дорад, ба оташ сӯзонида шавад, зеро ки вай аҳди Худовандро поймол карда, қабоҳате дар Исроил ба амал овардааст».


Ва ҳамаи исроилиён якдилона, чун як тан, назди он шаҳр ҷамъ омаданд.


Ва ман суррияи худро гирифта, пора‐пора кардам, ва онро ба ҳамаи шаҳрҳои мулки Исроил фиристодам, зеро ки онҳо кори қабеҳ ва зиште дар Исроил ба амал оварданд.


Ва алҳол мо бояд дар ҳаққи Ҷабъа чунин коре бикунем: мувофиқи қуръа бар он битозем.


Ва исроилиён дар Мисфо қасам хӯрда, гуфтанд: «Касе аз мо духтарашро ба биньёминӣ ба занӣ нахоҳад дод».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan