Ва Довуд ба Юоб ва сарварони қавм гуфт: «Рафта, аҳли Исроилро аз Беэр‐Шобаъ то Дон саршуморӣ намоед, ва ба ман маълум кунед, то ки шумораи онҳоро бидонам».
Ва Йифтоҳ бо пирони Ҷилъод равона шуд, ва қавм ӯро бар худ пешво ва саркарда таъин намуданд; ва Йифтоҳ ҳамаи суханонашро ба ҳузури Худованд дар Мисфо ба забон ронд.
Ва бархоста, ба Байт‐Ил рафтанд, ва аз Худо пурсиданд, ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист, ки аз миёни мо аввал бар зидди банӣ‐Биньёмин ба ҷанг барояд?» Ва Худованд гуфт: «Яҳудо аввал барояд».
Ва тамоми банӣ‐Исроил, тамоми қавм баромада, ба Байт‐Ил омаданд, ва гириста, дар он ҷо ба хузури Худованд нишастанд, ва дар он рӯз то шом рӯза доштанд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ ба ҳузури Худованд оварданд.