9 Ва ӯро дар ҳудуди мулкаш, дар Тимнат‐Ҳорас, дар кӯҳи Эфроим, ба тарафи шимолии кӯҳи Ҷоаш дафн карданд.
Ва ҳангоме ки ба худудҳо тақсим кардани заминро ба анҷом расониданд, банӣ‐Исроил ба Еҳушаъ ибни Нун мулке дар миёни худ доданд,
Мувофиқи амри Худованд шаҳреро, ки ӯ хост, яъне Тимнат‐Сораҳро дар кӯҳи Эфроим ба ӯ доданд, ва ӯ ин шаҳрро бино карда, дар он сокин шуд.
Ва баъд аз ин ҳодисаҳо Еҳушаъ ибни Нун, бандаи Худованд, дар синни саду даҳсолагӣ вафот ёфт.
Ва ӯро дар худуди мулкаш, дар Тимнат‐Сораҳ, ки дар кӯҳи Эфроим, ба тарафи шимолии кӯҳи Ҷоаш мебошад, дафн карданд.
Ва баъд аз вафоти Еҳушаъ чунин воқеъ шуд, ки банӣ‐Исроил аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Кист, ки барои мо бар зидди канъониён аввал хуруҷ намуда, бо онҳо ҷанг кунад?»
Ва Еҳушаъ ибни Нун, бандаи Худованд, дар синни саду даҳсолагӣ вафот ёфт.