Ва сангтӯдаи бузурге бар ӯ барпо карданд, ки он то имрӯз боқист, ва оташи хашми Худованд фурӯ нишаст. Бинобар ин номи он мавзеъ то имрӯз водии Охӯр хонда мешавад.
Ва фариштаи Худованд аз Ҷилҷол ба Бӯким омада, гуфт: «Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо ба замине ки дар бораи он ба падаронатон қасам хӯрда будам, овардам, ва Ман гуфтам: „Аҳди Худро бо шумо то абад нахоҳам шикаст;