Онҳо бо гирья хоҳанд омад, ва Ман онҳоро бо марҳамат хоҳам бурд; онҳоро сӯи ҷӯйҳои об бо роҳи рост хоҳам бурд, ки дар он пешпо нахоҳанд хӯрд; зеро ки Ман падари Исроил ҳастам, ва Эфроим нахустзодаи Ман аст.
Ва бар хонадони Довуд ва бар сокинони Ерусалим рӯҳи марҳамат ва риққатро фурӯ хоҳам рехт, ва онҳо бар Ман, ки найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт, ва мисли он ки барои писари ягона навҳа мекунанд, барои Ӯ навҳа хоҳанд кард, ва мисли он ки барои нахустзода мотам мегиранд, барои Ӯ мотам хоҳанд гирифт.
Ва аз қафо назди пойҳои Ӯ истода, гирьякунон пойҳои Ӯро бо ашки худ шуст ва бо мӯйҳои сари худ хушконид, ва пойҳои Ӯро бӯсида, бо равғани атрафшон тадҳин кард.
Ва онҳо дар Мисфо ҷамъ шуданд, ва об кашида, ба ҳузури Худованд рехтанд, ва дар он рӯз рӯза доштанд, ва дар он ҷо гуфтанд: «Мо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардаем». Ва Самуил банӣ‐Исроилро дар Мисфо доварӣ намуд.