Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 2:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва низ гуфтам: „Онҳоро аз пеши шумо бадар нахоҳам ронд, ва онҳо барои шумо садди роҳ хоҳанд буд, ва худоҳои онҳо барои шумо дом хоҳанд буд“».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 2:3
11 Iomraidhean Croise  

Ва гуруснагонро дар он ҷо ҷойгир мекунад, ва шаҳри маскун месозанд;


Бигзор онҳо дар замини ту сукунат надошта бошанд, мабодо туро бар зидди Ман осӣ гардонанд, ва ту худоёни онҳоро ибодат намоӣ, ва ин барои ту санги роҳ гардад».


Эҳтиёт намо, ки бо сокинони замине ки ба он ҷо меравӣ, аҳд набандӣ, мабодо дар миёни шумо доме гардад,


Валекин агар шумо сокинони заминро аз пеши худ бадар наронед, касоне ки шумо аз миёни онҳо боқӣ мегузоред, мисли милҳо дар чашмони шумо ва мисли хорҳо дар биқинҳои шумо хоҳанд буд, ва шуморо бар замине ки дар он сокин шудаед, ба танг хоҳанд овард.


Ва ту ҳамаи қавмҳоеро, ки Худованд ба дастат месупорад, несту нобуд хоҳӣ кард; бигзор чашми ту ба онҳо раҳм накунад; ва худоёни онҳоро ибодат нанамо, зеро ки ин барои ту дом аст.


Яқинан бидонед, ки Худованд Худои шумо ин халқҳоро дигар аз пеши шумо бадар нахоҳад ронд, ва онҳо барои шумо дом ва қуллоб, ва барои қабурғаҳои шумо тозиёна, ва барои чашмони шумо хор хоҳанд буд, то даме ки аз ин замини хуб, ки Худованд Худои шумо ба шумо додааст, маҳв гардед.


Ман низ ҳеҷ яке аз он ҳалқҳоро, ки Еҳушаъ боқӣ гузошта вафот ёфтааст, дигар аз пеши онҳо бадар нахоҳам ронд,


Ва ҳангоме ки фариштаи Худованд ин суханонро ба тамоми банӣ‐Исроил гуфт, қавм овози худро баланд карда, гиристанд.


Ва духтарони онҳоро барои худ ба занӣ мегирифтанд, ва духтарони худро ба писарони онҳо медоданд, ва худоёни онҳоро ибодат мекарданд.


Ва Ҷидъӯн аз он тилло эфӯд сохта, онро дар шаҳри худ Ӯфро гузошт; ва ҳамаи исроилиён аз пушти он дар он ҷо ба бутпарастӣ дода шуданд, ва он барои Ҷидъӯн ва хонадони ӯ доме гардид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan