22 То ки ба воситаи онҳо Исроилро биозмоям: оё онҳо роҳи Худовандро мисли он ки падаронашон риоя мекарданд, риоя намуда, бо он рафтор мекунанд ё не?»
Ва воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки Худо Иброҳимро озмуда, ба ӯ гуфт: «Эй Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»
Ва ҳамчунин дар масъалаи элчиёни сарварони Бобил, ки назди ӯ фиристода шуда буданд, то аз аломате ки дар замин зоҳир шуда буд, пурсон кунанд, Худо ӯро тарк кард, то ки ӯро имтиҳон намуда, ҳар чиро, ки дар дилаш буд, бидонад.
Зеро роҳеро, ки бар он истодаам, Ӯ медонад; агар маро меозмуд, мисли тилло мебаромадам.
Ва ӯ сӯи Худованд нола кард, ва Худованд дарахтеро ба ӯ нишон дод, ва ӯ онро ба об андохт, ва об ширин шуд; дар он ҷо ӯ барои онҳо фариза ва шариат муқаррар намуд, ва дар он ҷо онҳоро имтиҳон кард.
Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло; вале дилҳоро Худованд месанҷад.
Ту ба суханони он набӣ ё он бинандаи хобҳо гӯш надеҳ, зеро ки Худованд Худои шумо шуморо имтиҳон мекунад, то бидонад, ки оё Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дӯст медоред?
Ва туро дар биёбон манн хӯронид, — ки падаронат онро намедонистанд, — то ки туро азият дода, биозмояд, ва оқибат бар ту марҳамат намояд, —
Ва дар хотир нигоҳ дор тамоми роҳеро, ки Худованд Худои ту ин чил сол туро бо он дар биёбон бурд, то ки туро азият дода, биозмояд, ва он чиро, ки дар дили туст, бидонад, ки оё аҳкоми Ӯро риоят хоҳӣ кард ё не?
Ва Худованд он халқҳоро боқӣ гузошт, бе он ки онҳоро бо зудӣ бадар ронад; ва онҳоро ба дасти Еҳушаъ таслим накард.