Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 2:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Ман низ ҳеҷ яке аз он ҳалқҳоро, ки Еҳушаъ боқӣ гузошта вафот ёфтааст, дигар аз пеши онҳо бадар нахоҳам ронд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 2:21
8 Iomraidhean Croise  

Чунки онҳо дастурхои Маро ба ҷо наоварданд, ва аз фароизи Ман нафрат карданд, ва шанбеҳои Маро хор шумурданд, ва чашмони онҳо ба сӯи бутҳои падаронашон нигарон буд.


Яқинан бидонед, ки Худованд Худои шумо ин халқҳоро дигар аз пеши шумо бадар нахоҳад ронд, ва онҳо барои шумо дом ва қуллоб, ва барои қабурғаҳои шумо тозиёна, ва барои чашмони шумо хор хоҳанд буд, то даме ки аз ин замини хуб, ки Худованд Худои шумо ба шумо додааст, маҳв гардед.


Бубинед, ин халқҳоеро, ки боқӣ мондаанд, ва халқҳоеро, ки аз Урдун то баҳри бузург ба самти ғуруби офтоб маҳв намудаам, ман барои шумо бо қуръа тақсим кардам, то ки мулки сибтҳои шумо бошанд.


Ва Худованд Худои шумо Худаш онҳоро пеши шумо ба танг оварда, аз пеши шумо бадар хоҳад ронд, ва шумо замини онҳоро ба тасарруфи худ хоҳед даровард, чунон ки Худованд Худои шумо ба шумо гуфтааст.


Ва баъд аз вафоти Еҳушаъ чунин воқеъ шуд, ки банӣ‐Исроил аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Кист, ки барои мо бар зидди канъониён аввал хуруҷ намуда, бо онҳо ҷанг кунад?»


Ва низ гуфтам: „Онҳоро аз пеши шумо бадар нахоҳам ронд, ва онҳо барои шумо садди роҳ хоҳанд буд, ва худоҳои онҳо барои шумо дом хоҳанд буд“».


Ва инҳоянд халқҳое ки Худованд боқӣ гузошт, то ки ба воситаи онҳо Исроилро биозмояд, яъне ҳамаи онҳоеро, ки ҳамаи ҷангҳои Канъонро намедонистанд,


Панҷ ҳокими фалиштиён ва ҳамаи канъониён, сидӯниён ва ҳиввиён, ки дар кӯҳсори Лубнон аз кӯҳи Баал‐Ҳермӯн то даромадгоҳи Ҳамот сокин буданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan