Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 2:20 - Китоби Муқаддас 1992 1999

20 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ гуфт: «Азбаски ин халқ аҳди Маро, ки ба падаронашон амр фармудаам, поймол карда, ба овози ман гӯш намедиҳанд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 2:20
16 Iomraidhean Croise  

Ва ғазаби Худованд боз бар исроилиён аланга зад, ва Довудро бар онҳо барангехт, то бигӯяд: «Бирав, Исроил ва Яҳудоро саршуморӣ намо».


Забуниро бар мирон мерезад, ва онҳоро дар бодияи бероҳа сарсону саргардон мекунад.


Чаро халқҳо гӯянд, ки «Худои онҳо куҷост?» Бигзор интиқоми хуни бандагони Ту, ки рехта шудааст, дар миёни халқҳо дар пеши назари мо маълум гардад.


На мисли он аҳде ки бо падарони онҳо бастам, дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то ки онҳоро аз замини Миср берун оварам; онҳо он аҳди Маро поймол карданд, гарчанде ки Ман оғои онҳо будам, — мегӯяд Худованд.


Ва шуморо аз зери чӯбдаст хоҳам гузаронид, ва шуморо ба банди аҳд дохил хоҳам кард.


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга зад, ва Ӯ онҳоро чил сол дар биёбон овора гардонид, то даме ки тамоми он насле ки дар назари Худованд бадӣ карда буданд, ба ҳалокат расиданд.


Зеро ки оташи ғазаби Ман аланга задааст, ва то асфалуссофилин фурӯзон шудааст, ва заминро бо ҳосили он фурӯ мебарад, ва асоси кӯҳҳоро месӯзонад.


Агар шумо аҳди Худованд Худои худро, ки ба шумо амр фармудааст, поймол кунед, ва рафта худоёни дигарро ибодат намоед ва ба онҳо сачда баред, дар он сурат хашми Худованд бар шумо аланга хоҳад гирифт, ва шумо аз замини хубе ки Ӯ ба шумо додааст, ба зудӣ маҳв хоҳед шуд».


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти фалиштиён ва ба дасти банӣ‐Аммӯн таслим намуд.


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, ва онҳоро тороҷ карданд; ва онҳоро ба дасти душманони онҳо, ки дар гирду пешашон буданд, супурд, ва онҳо дигар натавонистанд пеши душманони худ истодагӣ намоянд.


Ва ҳамин ки довар вафот меёфт, онҳо аз нав, аз падарони худ зиёдтар фосид гардида, худоёни дигарро пайравӣ мекарданд, онҳоро ибодат намуда, саҷда мебурданд, аз корҳои зишт ва роҳи бади худ ҳеҷ даст намекашиданд.


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва онҳоро ба дасти Кушан‐Ришъотаим, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, супурд, ва банӣ‐Исроил ҳашт сол ба Кушан‐Ришъотаим хизмат карданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan