Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 2:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва шумо бо сокинони ин замин аҳд набандед, қурбонгоҳҳои онҳоро бишканед“. Вале шумо овози Маро нашнидед. Ин чӣ кор аст, ки кардед?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 2:2
29 Iomraidhean Croise  

Ва фиръавн Абромро хонда, гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба ман кардӣ? Чаро ба ман нагуфтӣ, ки вай зани туст?


Ва гуфт: «Чӣ кор аст, ки кардӣ? Хуни бародарат аз замин сӯи Ман фарьёд мезанад.


Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ин қавм ба ту чӣ карда буданд, ки бар онҳо гуноҳи азиме овардӣ?»


Ва акнун туро бо роҳи Миср чӣ кор аст, — то ки аз оби Шиҳӯр бинӯшӣ? Ва туро бо роҳи Ашшур чӣ кор аст, — то ки аз оби наҳр бинӯшӣ?


Чаро ин қадар ба залолат афтода, роҳи худро тағьир медиҳӣ? Чунон ки аз Ашшур хиҷил шудаӣ, ончунон аз Миср низ хиҷил хоҳӣ шуд;


Худованд чунин мегӯяд: «Падарони шумо дар Ман чӣ ноинсофӣ ёфтанд, ки аз Ман дур шуданд, ва аз қафои ҳеҷу пуч рафта, худашон ба батолат мубаддал гардиданд?


Ва ту ҳамаи қавмҳоеро, ки Худованд ба дастат месупорад, несту нобуд хоҳӣ кард; бигзор чашми ту ба онҳо раҳм накунад; ва худоёни онҳоро ибодат нанамо, зеро ки ин барои ту дом аст.


Дар оташи фурӯзон зуҳур намуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорати Худованди мо Исои Масеҳ итоат намекунанд, интиқом гирад.


Ва исроилиён ба ин ҳиввиён гуфтанд: «Шояд, шумо дар миёни мо сокин бошед, пас чӣ гуна мо метавонем бо шумо аҳд бибандем?»


Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд?


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ гуфт: «Азбаски ин халқ аҳди Маро, ки ба падаронашон амр фармудаам, поймол карда, ба овози ман гӯш намедиҳанд,


Ва ба шумо гуфтам: Ман Худованд Худои шумо ҳастам. Аз худоёни амӯриён, ки дар заминашон маскан гирифтаед, натарсед; вале шумо овози Маро нашнидед».


Худованд марди набие назди банӣ‐Исроил фиристод, ва ӯ ба онҳо гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо аз хонаи ғуломӣ берун овардам;


Ва Ҷидъӯн аз он тилло эфӯд сохта, онро дар шаҳри худ Ӯфро гузошт; ва ҳамаи исроилиён аз пушти он дар он ҷо ба бутпарастӣ дода шуданд, ва он барои Ҷидъӯн ва хонадони ӯ доме гардид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan