Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 2:17 - Китоби Муқаддас 1992 1999

17 Вале онҳо ба доварони худ низ итоат надоштанд, зеро ки гумроҳ шуда, худоёни дигарро пайравӣ мекарданд ва ба онҳо саҷда мебурданд; аз роҳе ки падаронашон бо он рафтор намуда, ба аҳкоми Худованд итоат мекарданд, бо зудӣ дур шуданд, ва мисли онҳо амал накарданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 2:17
25 Iomraidhean Croise  

Вале камшумор мешаванд ва аз фишори бадӣ ва ғаму ғусса ба залолат меафтанд.


Касе ки соҳиби ҳикмат аст, ба ин чизҳо диққат медиҳад; ва эҳсонҳои Худовандро хоҳанд фаҳмид.


Аз роҳе ки ба онҳо амр фармудаам, зуд дур шудаанд, гӯсолаи рехтае барои худ сохта, пеши он саҷда бурдаанд ва барои он забҳ карда, гуфтаанд: „Ин аст худои ту, эй Исроил, ки туро аз замини Миср берун овард!“»


Ва Худованд дар айёми подшоҳ Йӯшиё ба ман гуфт: «Оё ту дидӣ, ки Исроили муртад чиҳо кард? Вай ба ҳар кӯҳи баланд ва зери ҳар дарахти сабз рафта, дар он ҷо зино мекард.


Худованд чунин мегӯяд: «Дар роҳҳо биистед ва назар андозед, ва дар бораи тариқҳои қадимӣ бипурсед, ки роҳи нек кадом аст, ва бо он биравед, ва барои ҷони худ оромӣ хоҳед ёфт. Вале онҳо гуфтанд: „Нахоҳем рафт“.


Бо модари худ муҷодила кунед, муҷодила, зеро ки вай зани Ман нест, ва Ман шавҳари вай нестам, ва бигзор вай зинои худро аз чеҳрааш ва фаҳши худро аз миёни пистонҳояш нест кунад,


Ва минбаъд онҳо забҳҳои худро барои девҳое ки пайравӣ менамоянд, набояд забҳ кунанд. Ин барои онҳо дар наслҳошон фаризаи абадӣ хоҳад буд.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Яҳудо, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки шариати Худовандро тарк карданд, ва фароизи Ӯро риоя нанамуданд, ва бутҳои онҳо, ки падаронашон пайравӣ мекарданд, онҳоро дар иштибоҳ андохт.


Тааҷҷуб менамоям, ки ин қадар зуд шумо аз Он ки шуморо ба файзи Масеҳ даъват намудааст, баргашта, ба башорати дигаре мегузаред,


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, ту бо падаронат мехобӣ, ва ин кавм бархоста, худоёни бегонаи заминеро, ки ба он ҷо дар миёни онҳо мераванд, зинокорона пайравӣ хоҳанд намуд, ва Маро тарк карда, аҳдеро ки бо онҳо бастаам, хоҳанд шикаст;


Вале Ман рӯи Худро дар он рӯз албатта пинҳон хоҳам дошт, ба сабаби тамоми бадие ки онҳо ба амал оварданд, вақте ки ба худоёни дигар руҷӯъ карданд.


Ва Худованд ба ман гуфт: „Бархоста, зуд аз ин ҷо фурӯд ой, зеро қавми ту, ки онҳоро аз Миср берун овардӣ, фосид шудаанд; аз роҳе ки ба онҳо амр фармудам, зуд дур шуда, бути рехтае барои худ сохтаанд“.


Ва дидам, ки инак, шумо пеши Худованд Худои худ гуноҳкор гардидаед: гӯсолаи рехтае барои худ сохта, аз роҳе ки Худованд ба шумо амр фармуда буд, зуд дур шудаед.


Ва қавм ба Еҳушаъ гуфтанд: «Худованд Худои худро ибодат хоҳем намуд ва овози Ӯро хоҳем шунид».


Ва Исроил дар тамоми айёми Еҳушаъ ва дар тамоми айёми пироне ки баъд аз Еҳушаъ зинда буданд ва ҳамаи корҳои Худовандро, ки барои Исроил карда буд, медонистанд, Худовандро ибодат намуданд.


Ва дар тамоми айёми Еҳушаъ ва дар тамоми айёми пироне ки баъд аз Еҳушаъ дар қайди ҳаёт буда, ҳамаи корҳои бузурги Худовандро, ки барои Исроил кардааст, дида буданд, қавм Худовандро ибодат менамуданд.


Ва чунин воқеъ шуд, ки чун Ҷидъӯн вафот ёфт, банӣ‐Исроил аз нав ба ибодати Баалҳо дода шуданд, ва Баал‐Бритро худои худ донистанд.


Ва чун дидед, ки Ноҳош, подшоҳи банӣ‐Аммӯн, ба муқобили шумо меояд, ба ман гуфтед: „Не, бигзор подшоҳе бар мо подшоҳӣ кунад“, ва ҳол он ки Худованд Худои шумо подшоҳи шумост.


Имрӯз, охир, мавсими даравидани гандум аст, вале ман сӯи Худованд хоҳам хонд, ва Ӯ раъд ва борон хоҳад фиристод, то шумо бидонед ва бубинед, ки чӣ гуна гуноҳи азиме пеши назари Худованд ба амал овардаед, вақте ки барои худ подшоҳ талабидаед».


Ва тамоми қавм ба Самуил гуфтанд: «Барои бандагонат сӯи Худованд Худои худ дуо бигӯй, то ки намирем, зеро ки мо бар ҳамаи гуноҳҳои худ боз шарорате зам намудаем, вақте ки барои худ подшоҳ талабидаем».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan