Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 2:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва Худованд доваронро ба майдон овард, ки онҳоро аз дасти тороҷгарони онҳо наҷот медоданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 2:16
14 Iomraidhean Croise  

Ва мисли айёме ки доваронро бар қавми Худ Исроил таъин карда будам; ва Ман ба ту аз ҳамаи душманонат оромӣ додаам; ва Худованд ба ту хабар медиҳад, ки Худованд барои ту хона бино хоҳад кард.


Ва онҳоро ба дасти душманонашон супурдӣ, ва онҳоро ба танг оварданд, ба онҳо дар замони тангии худ сӯи Ту фарьёд заданд, ва Ту аз осмон иҷобат намудӣ, ва бар ҳасби марҳамати бузурги Худ ба онҳо наҷотдиҳандагонро додӣ, ки онҳоро аз дасти душманонашон раҳо карданд.


Дар давоми тақрибан чорсаду панҷоҳ сол. Пас аз он, то замони Самуили набӣ, доваронро ба онҳо бахшид;


Ва баъд аз Абималик Тӯлоъ ибни Фуоҳ ибни Дӯдӯ, марде аз сибти Иссокор бархост, то ки Исроилро наҷот диҳад; ва ӯ дар Шомир, дар кӯҳи Эфроим сукунат дошт.


Ва Йифтоҳ ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузашт, то ки бо онҳо ҷанг кунад; ва Худованд онҳоро ба дасти ӯ супурд.


Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои онҳо наҷотдиҳандае, яъне Эҳуд ибни Ҷерои биньёминиро, ки марди чапдасте буд, ба майдон овард; ва банӣ‐Исроил ба воситаи ӯ ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳадия фиристоданд.


Ва баъд аз ӯ Шамҷар ибни Анот буд, ва шашсад нафарро аз фалиштиён бо таёқи говронӣ зада кушт; ва ӯ низ Исроилро наҷот дод.


Ва ӯ дар таги дарахти хурмои Дебӯро, ки дар байни Ромо ва Байт‐Ил дар кӯҳи Эфроим буд, менишаст, ва банӣ‐Исроил назди ӯ барои доварӣ меомаданд.


Ва Худованд ба ӯ рӯй оварда, гуфт: «Бо ин қуввати худ бирав, ва Исроилро аз дасти Мидьён наҷот деҳ; Ман туро мефиристам».


Ва воқеъ шуд дар айёми ҳокимияти доварон, ки бар замин қаҳтӣ падид омад. Ва марде аз Байт‐Лаҳми Яҳудо рафт, то ки дар ноҳияи Мӯоб маскан гирад, — ӯ ва занаш, ва ду писараш.


Ва Худованд Ерубаал ва Бадон ва Йифтоҳ ва Самуилро фиристод, ва шуморо аз дасти душманонатон, ки дар гирду пешатон буданд, раҳо кард, ва шумо дар амният сукунат намудед.


Ва лашкар барпо намуда, ба Амолеқ шикаст расонид, ва Исроилро аз дасти тороҷгарони он раҳо кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan