15 Ҳар бор, ки ба ҷанг мебаромаданд, дасти Худованд бар онҳо ба бадӣ буд, чунон ки Худованд гуфта буд ва чунон ки Худованд ба онҳо қасам хӯрда буд; ва онҳо бисьёр ба танг омаданд.
Ва ҳангоме ки салтанати Раҳабъом пойдор гардида, қувват гирифт, ӯ шариати Худовандро тарк кард, ва тамоми Исроил бо ӯ буданд.
Валекин агар халқе ки дар бораи онҳо ин суханро гуфтаам, аз шарорати худ тавба кунанд, Ман он мусибатеро, ки азм доштам бар онҳо оварам, ботил хоҳам кард.
Зеро ки рӯи Худро бар ин шаҳр ба бадӣ, ва на ба некӣ, нигаронидаам, — мегӯяд Худованд. — Он ба дасти подшоҳи Бобил супурда хоҳад шуд, ва ӯ онро ба оташ хоҳад сӯзонид“.
Бинобар ин Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман рӯи Худро ба муқобили шумо барои ҳалокат мегардонам, то ки тамоми Яҳудоро талаф намоям;
Инак, Ман бар онҳо ба бадӣ назар хоҳам кард, ва на ба некӣ; ва ҳамаи мардони Яҳудо, ки дар замини Миср мебошанд, аз шамшер ва қаҳтӣ нобуд хоҳанд шуд, то даме ки тамоман талаф гарданд.
Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман бар зидди ин қабила мусибате меандешам, ки шумо гардани худро аз он натавонед берун овард, ва қомат рост карда мағрурона роҳ нахоҳед рафт, зеро ки ин замони мусибат аст.
Мо аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор мешавем, вале дар тангӣ нестем; ҳайронем, вале маъюс намешавем;
Аммо набие ки қасдан ба исми Ман сухане гӯяд, ки ба гуфтанаш амр нафармудаам, ё ба исми худоёни дигар сухан гӯяд, — он набӣ бояд ба қатл расонида шавад“.
Ва банӣ‐Аммӯн аз Урдун гузаштанд, то ки ба Яҳудо ва Биньёмин ва хонадони Эфроим низ ҷанг кунанд: ва исроилиён бағоят ба танг омаданд.
Оё ба онҳо то дами калон шуданашон интизорӣ хоҳед кашид? Оё аз барои онҳо худро аз шавҳар кардан хоҳед боздошт? Не, духтаронам! Қисмати шумо барои ман бағоят ғамангез аст; дар асл, дасти Худованд ба ман шикаст расондааст».
Валекин агар овози Худовандро нашнавед ва ба фармони Худованд зиддият нишон диҳед, он гоҳ Худованд бар зидди шумо хоҳад буд, чунон ки бар зидди падарони шумо буд.
Ва мардуми Исроил диданд, ки аҳволашон табоҳ шудааст, зеро ки қавм ба танг омадаанд. Ва қавм дар мағораҳо, ва дар сӯрохҳо, ва дар миёни сахраҳо, ва дар бурҷҳо, ва дар ҳафраҳо пинҳон шуданд;
Ва мардуми Исроил дар он рӯз бемаҷол гардида буданд, зеро ки Шоул қавмро қасам дода гуфта буд: «Малъун бод касе ки то шом, то даме ки ман аз душманонам интиқом гирам, хӯроке бихӯрад!» Ва тамоми қавм чизе нахӯрданд.
Ва Довуд бағоят ба танг омад, зеро ки қавм мехостанд ӯро сангсор кунанд, чунки тамоми қавм — ҳар яке барои писарону духтаронашон — талхком гардида буданд; вале Довуд ба Худованд Худои худ таваккал намуда, қувват меёфт.