Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 2:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, ва онҳоро тороҷ карданд; ва онҳоро ба дасти душманони онҳо, ки дар гирду пешашон буданд, супурд, ва онҳо дигар натавонистанд пеши душманони худ истодагӣ намоянд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 2:14
35 Iomraidhean Croise  

Ва ғазаби Худованд боз бар исроилиён аланга зад, ва Довудро бар онҳо барангехт, то бигӯяд: «Бирав, Исроил ва Яҳудоро саршуморӣ намо».


Ва мисли айёме ки доваронро бар қавми Худ Исроил таъин карда будам; ва Ман ба ту аз ҳамаи душманонат оромӣ додаам; ва Худованд ба ту хабар медиҳад, ки Худованд барои ту хона бино хоҳад кард.


Ва ғазаби Худованд бар Исроил аланга зад, ва онҳоро ба дасти Ҳазоил, подшоҳи Арам, ва ба дасти Бин‐Ҳадад ибни Ҳазоил ба тамоми айём супурд.


Ва Худованд аз тамоми насли Исроил нафрат карда, онҳоро мазлум гардонид, ва онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, то ба дараҷае ки онҳоро аз ҳузури Худ дур андохт.


Ва дар он замонҳо барои ҳар касе ки даробаро мекард, сулҳу осоиштагӣ набуд, зеро ки бар ҳамаи сокинони заминҳо изтироби зиёде буд.


Ва Худованд Худояш ӯро ба дасти подшоҳи Арам супурд; ва онҳо ӯро зарба заданд, ва асирони зиёдеро аз ӯ гирифта, ба Димишқ бурданд. Ва ӯ ба дасти подшоҳи Исроил низ супурда шуд, ва вай ба ӯ зарбаи бузурге расонид.


Вале онҳо расулони Худоро тамасҳур карданд, ва аз суханони Ӯ нафрат доштанд, ва анбиёи Ӯро хорӣ доданд, то ба ҳадде ки оташи ғазаби Худованд бар қавми Ӯ аланга гирифт, ба тавре ки он илоҷнопазир буд.


Ва онҳоро ба дасти душманонашон супурдӣ, ва онҳоро ба танг оварданд, ба онҳо дар замони тангии худ сӯи Ту фарьёд заданд, ва Ту аз осмон иҷобат намудӣ, ва бар ҳасби марҳамати бузурги Худ ба онҳо наҷотдиҳандагонро додӣ, ки онҳоро аз дасти душманонашон раҳо карданд.


Бишнав, эй духтар, ва бубин, ва гӯши худро дор, ва қавми худ ва хонаи падаратро фаромӯш кун.


Ва ҳангоме ки Подшоҳ иштиёқманди ҷамоли ту гардад, зеро ки Ӯ Худованди туст, ба Ӯ саҷда намо.


Кист, ки Яъқубро ба яғмо, ва Исроилро ба тороҷгарон супурдааст? Оё Худованд набуд, ки пеши Ӯ мо гуноҳ кардаем? Ва онҳо нахостанд бо роҳҳои Ӯ қадамгузор шаванд, ва ба шариати Ӯ гӯш надоданд.


Худованд чунин мегӯяд: «Талоқномаи модаратон, ки Ман бо он ӯро рондаам, куҷост? Ё кист аз қарзхоҳони Ман, ки шуморо ба вай фурӯхтаам? Шумо, охир, ба сабаби гуноҳҳои худ фурӯхта шудаед, ва модаратон ба сабаби ҷиноятҳои шумо ронда шудааст.


Агар шумо ҳатто тамоми лашкари калдониёнро, ки бар зидди шумо меҷанганд, торумор мекардед, ба тавре ки аз онҳо фақат маҷрӯҳон боқӣ мемонданд, дар он сурат ҳам онҳо ҳар яке аз хаймаҳои худ бархоста, ин шаҳрро ба оташ месӯзониданд».


Ва хашми Худро бар шумо хоҳам нигаронид, ва аз душманони худ шикаст хоҳед хӯрд, ва бадхоҳонатон бар шумо ҳукмрон хоҳанд шуд, ва рӯ ба гурез хоҳед овард, бе он ки касе шуморо таъқиб намояд.


Он гоҳ Ман бо ғазаб бар хилофи шумо рафтор хоҳам кард, ва Ман низ шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон ҷазо хоҳам дод.


Ва мисли он ки аз дами шамшер бошад, ба якдигар дакка хоҳанд хӯрд, ва ҳол он ки таъқибкунандае нест; ва шумо маҷоли он нахоҳед дошт, ки пеши душманони худ истодагӣ намоед.


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга зад, ва Ӯ онҳоро чил сол дар биёбон овора гардонид, то даме ки тамоми он насле ки дар назари Худованд бадӣ карда буданд, ба ҳалокат расиданд.


Ва инак шумо, дастпарвардагони мардуми хатокор, ба чои падарони худ бархостаед, то ки шиддати хашми Худовандро бар Исроил пурзӯр созед.


Худованд ба ту дар ҳар шуғли дастат, ки ба амал меоварӣ, лаънат, изтироб ва мусибат хоҳад фиристод, то даме ки маҳв шавӣ, ва то даме ки ба зудӣ нест шавӣ, аз боиси бадии аъмолат, аз боиси он ки Маро тарк кардаӣ.


Худованд туро пеши душманонат мағлуб хоҳад кард; бо як роҳ ба зидди онҳо берун хоҳӣ рафт, ва бо ҳафт роҳ аз пеши онҳо хоҳӣ гурехт, ва барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшате табдил хоҳӣ ёфт.


Агар ҳамаи суханони ин шариатро, ки дар ин китоб навишта шудааст, риоя намуда ба амал наоварӣ, ва аз ин исми арҷманд ва саҳмгин, яъне аз Худованд Худои худ натарсӣ, —


Чӣ гуна як нафар ҳазор нафарро таъқиб менамуд, ва ду нафар як беварро мегурезонид, агар Кӯҳпораашон онҳоро таслим намекард, ва Худованд онҳоро намесупурд?


Агар шумо аҳди Худованд Худои худро, ки ба шумо амр фармудааст, поймол кунед, ва рафта худоёни дигарро ибодат намоед ва ба онҳо сачда баред, дар он сурат хашми Худованд бар шумо аланга хоҳад гирифт, ва шумо аз замини хубе ки Ӯ ба шумо додааст, ба зудӣ маҳв хоҳед шуд».


Ва Худованд бо банӣ‐Яҳудо буд, ва онҳо кӯҳсорро тасарруф намуданд; аммо сокинони водиро натавонистанд бадар ронанд, зеро ки онҳо аробаҳои оҳанин доштанд.


Ва амӯриён банӣ‐Донро дар кӯҳсор фишор доданд, зеро онҳоро нагузоштанд, ки ба водӣ фурӯд оянд.


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти фалиштиён ва ба дасти банӣ‐Аммӯн таслим намуд.


Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ гуфт: «Азбаски ин халқ аҳди Маро, ки ба падаронашон амр фармудаам, поймол карда, ба овози ман гӯш намедиҳанд,


Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд Аҷлӯнро, ки подшоҳи Мӯоб буд, бар Исроил ғолиб сохт, чунки онҳо он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд.


Ва Худованд онҳоро ба дасти Ёбин подшоҳи Канъон, ки дар Ҳосӯр подшоҳӣ мекард, супурд; ва сарлашкари вай Сисро буд, ки дар Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим сукунат дошт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan