Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 2:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Ва Худовандро тарк карда, Баал ва Аштораҳоро ибодат намуданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 2:13
19 Iomraidhean Croise  

Чунки онҳо Маро тарк карда, ба Аштора, худои сидӯниён, ба Камуш, худои мӯобиён, ва ба Милкӯм, худои банӣ‐Аммӯн, саҷда бурданд, ва бо роҳҳои Ман рафтор накарданд, то он чиро, ки дар назари Ман рост аст, ба ҷо оваранд, ва фароизу аҳкоми Маро мисли падараш Довуд риоя намоянд.


Ва Сулаймон Аштора, худои сидӯниён, ва Милкӯм, бути зишти аммӯниёнро пайравӣ намуд.


Ва баландиҳоро, ки дар рӯ ба рӯи Ерусалим, ба тарафи рости кӯҳи Фасод буд, ва онҳоро Сулаймон, подшоҳи Исроил, барои Аштора, бути зишти сидӯниён, ва барои Камуш, бути зишти Мӯоб, ва барои Милкӯм, бути қабеҳи банӣ‐Аммӯн бино карда буд, подшоҳ палид гардонид.


Ва дар соли панҷуми подшоҳии Раҳабъом чунин воқеъ шуд, ки Шишақ, подшоҳи Миср, ба муқобили Ерусалим баромад, — зеро ки онҳо ба Худованд осӣ шуда буданд, —


Ва ӯ дар дараи Бен‐Ҳиннӯм бухур сӯзонид, ва писарони худро аз оташ гузаронид, мувофиқи одатҳои зишти халқҳое ки Худованд онҳоро аз пеши банӣ‐Исроил бадар ронда буд;


Ва баландиҳоеро, ки падараш Ҳизқиё вайрон карда буд, аз нав бино намуд, ва қурбонгоҳҳо барои Баалҳо барпо кард, ва Ашераҳо сохт, ва ба тамоми лашкари осмон сачда мебурд, ва онҳоро ибодат мекард.


Ва хоҳанд гуфт: „Аз он сабаб, ки онҳо Худованд Худои падарони худро, ки онҳоро аз замини Миср берун оварда буд, тарк карданд, ва худоёни дигарро пайравӣ намуда, ба онҳо саҷда бурданд ва онҳоро ибодат карданд; бинобар ин тамоми ин мусибатро ба сари онҳо овардааст“».


Ва гуруснагонро дар он ҷо ҷойгир мекунад, ва шаҳри маскун месозанд;


Он гоҳ ба онҳо бигӯй: аз он сабаб, ки падарони шумо Маро тарк карданд, — мегӯяд Худованд, — ва худоёни дигарро пайравӣ намуда, ба онҳо ибодат ва саҷда карданд, валекин Маро тарк намуданд, ва шариати Маро риоя накарданд.


Аз қадимулайём юғи худро шикастӣ ва бандҳои худро баркандӣ, ва гуфтӣ: „Бандагӣ нахоҳам кард“, зеро ки ту бар ҳар теппаи баланд ва зери ҳар дарахти сабз хобида, зино кардӣ.


Ва исроилиён ба Баал‐Фаӯр ангал шуданд; ва хашми Худованд бар Исроил аланга зад.


Зеро, ҳар чанд ба ном худоён чи дар осмон, чи дар замин ҳастанд, — чунки худоёни бисьёр ва худовандони бисьёр ҳастанд, —


Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳо, ва Аштораҳо, ва худоёни Арам, ва худоёни Сидӯн, ва худоёни Мӯоб, ва худоёни банӣ‐Аммӯн, ва худоёни фалиштиёнро ибодат мекарданд; ва Худовандро тарк намуданд, ва Ӯро ибодат намекарданд.


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳоро ибодат карданд;


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд Худои худро фаромӯш намуда, Баалҳо ва бутҳои Ашераро ибодат карданд.


Ва онҳо сӯи Худованд фарьёд зада, гуфтанд: „Гуноҳ кардаем, зеро ки Худовандро тарк карда, Баалҳо ва Аштораҳоро ибодат намудаем, ва алҳол моро аз дасти душманони мо раҳоӣ деҳ, ва мо Туро ибодат хоҳем намуд“.


Ва аслиҳаи ӯро дар хонаи Аштора гузоштанд, ва ҷасадашро бар ҳисори Байт‐Шон овехтанд.


Ва Самуил ба тамоми хонадони Исроил сухан ронда, гуфт: «Агар шумо бо тамоми дили худ сӯи Худованд руҷӯъ намуда, худоёни бегона ва Аштораҳоро аз миёни худ дур созед, ва дилҳои худро моил гардонида, танҳо Ӯро ибодат намоед, Ӯ шуморо аз дасти фалиштиён раҳо хоҳад кард».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan