Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 2:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳоро ибодат карданд;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 2:11
34 Iomraidhean Croise  

Лекин мардуми Садӯм бағоят шарир ва пеши Худованд гуноҳкор буданд.


Ва нахустзодаи Яҳудо, Эр, дар назари Худованд бад буд, ва Худованд ӯро миронид.


Ва Сулаймон Аштора, худои сидӯниён, ва Милкӯм, бути зишти аммӯниёнро пайравӣ намуд.


Ва ӯ гуфт: «Исроилро ман ба изтироб наандохтаам, балки ту ва хонадони падарат, чунки шумо аҳкоми Худовандро тарк кардед, ва ту Баалҳоро пайравӣ намудӣ.


Ва Баалро ибодат карда, ба вай саҷда мебурд; ва бо ҳар коре ки падараш карда буд, Худованд Худои Исроилро ба ғазаб овард.


Балки бо роҳҳои подшоҳони Исроил рафтор намуд; ва ҳатто ҳайкалҳои рехта барои Баалҳо сохт;


Ва ӯ дар дараи Бен‐Ҳиннӯм бухур сӯзонид, ва писарони худро аз оташ гузаронид, мувофиқи одатҳои зишти халқҳое ки Худованд онҳоро аз пеши банӣ‐Исроил бадар ронда буд;


Ва ӯ писаронашро дар дараи Бен‐Ҳиннӯм аз оташ гузаронид; ва афсун намуда фол мекушод ва ҷоду мекард, ва бо ҷодугарон ва азоимхонон робита дошт; бисьёр чизҳоро, ки дар назари Худованд бад буд, ба амал меовард, то ки Ӯро ба хашм оварад.


Ва аз зодагони Азҷод — Юҳонон ибни Ҳақоттон, ва бо ӯ саду даҳ нафар аз мардон;


Ва саркашӣ намуда, ба Ту осӣ шуданд, ва аз Тавроти Ту рӯ гардонданд, ва анбиёи Туро, ба сабаби таъкид карданашон, то сӯи Ту руҷӯъ намоянд, куштанд, ва куфрҳои азиме ба амал оварданд.


Онҳо ба гуноҳҳои аҷдоди худ, ки аз шунидани суханони Ман рӯ тофта буданд, баргаштанд, ва онҳо худоёни дигарро пайравӣ карданд, то ки ба онҳо ибодат намоянд. Хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо аҳди Маро, ки бо падаронашон баста будам, поймол карданд.


Он гоҳ ба онҳо бигӯй: аз он сабаб, ки падарони шумо Маро тарк карданд, — мегӯяд Худованд, — ва худоёни дигарро пайравӣ намуда, ба онҳо ибодат ва саҷда карданд, валекин Маро тарк намуданд, ва шариати Маро риоя накарданд.


Аз қадимулайём юғи худро шикастӣ ва бандҳои худро баркандӣ, ва гуфтӣ: „Бандагӣ нахоҳам кард“, зеро ки ту бар ҳар теппаи баланд ва зери ҳар дарахти сабз хобида, зино кардӣ.


Чӣ гуна метавонӣ бигӯӣ: „Худро палид накардаам, аз қафои Баал нарафтаам“? Ба рафторе ки ту дар водӣ кардӣ, назар андоз ва он чиро, ки ба амал овардӣ, дарк намо, эй модашутури сабукпое ки роҳҳои худро каҷ мекунад!


Ва онҳо омада, онро ба тасарруфи худ дароварданд, вале овози Туро нашниданд, бар тибқи шариати Ту рафтор накарданд ва он чиро, ки Ту амр фармудӣ, ки ба ҷо оваранд, ба ҷо наоварданд; ба ин сабаб Ту тамоми ин мусибатро бар онҳо овардӣ.


Балки ба саркашии дили худ пайравӣ намуданд, ва ба Баалҳо низ, чунон ки падаронашон онҳоро таълим додаанд».


Ва исроилиён ба Баал‐Фаӯр ангал шуданд; ва хашми Худованд бар Исроил аланга зад.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, ту бо падаронат мехобӣ, ва ин кавм бархоста, худоёни бегонаи заминеро, ки ба он ҷо дар миёни онҳо мераванд, зинокорона пайравӣ хоҳанд намуд, ва Маро тарк карда, аҳдеро ки бо онҳо бастаам, хоҳанд шикаст;


Вақте ки шумо писарон ва писарони писаронро ба дуньё оварда, муддати зиёде дар ин замин сукунат намоед, ва фосид шуда, ҳайкале, сурати ҳар чизе бисозед, ва он чи дар назари Худованд Худои шумо бад аст, ба амал оваред, то ки Ӯро ба хашм оваред, —


Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурда, гуфтанд: «Мо пеши Ту гуноҳкор шудаем, зеро ки Худои худро тарк намуда, Баалҳоро ибодат кардаем».


Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳо, ва Аштораҳо, ва худоёни Арам, ва худоёни Сидӯн, ва худоёни Мӯоб, ва худоёни банӣ‐Аммӯн, ва худоёни фалиштиёнро ибодат мекарданд; ва Худовандро тарк намуданд, ва Ӯро ибодат намекарданд.


Ва банӣ‐Исроил аз нав он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд онҳоро чил сол ба дасти фалиштиён супурд.


Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд Аҷлӯнро, ки подшоҳи Мӯоб буд, бар Исроил ғолиб сохт, чунки онҳо он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд.


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд Худои худро фаромӯш намуда, Баалҳо ва бутҳои Ашераро ибодат карданд.


Ва баъд аз вафоти Эҳуд аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худо бад буд, ба амал оварданд.


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд онҳоро ҳафт сол ба дасти Мидьён таслим кард.


Ва дар он шаб чунин воқеъ шуд, ки Худованд ба ӯ гуфт: «Нарговеро, ки аз они падари туст, ва наргови дуюми ҳафтсоларо бигир; ва қурбонгоҳи Баалро, ки аз они падари туст, вайрон кун, ва бути чӯбини Ашераро, ки бар он аст, бишкан.


Ва чунин воқеъ шуд, ки чун Ҷидъӯн вафот ёфт, банӣ‐Исроил аз нав ба ибодати Баалҳо дода шуданд, ва Баал‐Бритро худои худ донистанд.


Ва онҳо сӯи Худованд фарьёд зада, гуфтанд: „Гуноҳ кардаем, зеро ки Худовандро тарк карда, Баалҳо ва Аштораҳоро ибодат намудаем, ва алҳол моро аз дасти душманони мо раҳоӣ деҳ, ва мо Туро ибодат хоҳем намуд“.


Ва Самуил ба тамоми хонадони Исроил сухан ронда, гуфт: «Агар шумо бо тамоми дили худ сӯи Худованд руҷӯъ намуда, худоёни бегона ва Аштораҳоро аз миёни худ дур созед, ва дилҳои худро моил гардонида, танҳо Ӯро ибодат намоед, Ӯ шуморо аз дасти фалиштиён раҳо хоҳад кард».


Ва банӣ‐Исроил Баалҳо ва Аштораҳоро дур сохта, танҳо Худовандро ибодат карданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan