10 Ва тамоми он насл низ назди падарони худ рафтанд, ва баъд аз онҳо насли дигаре бархостанд, ки Худовандро намедонистанд, ва корҳоеро низ, ки Ӯ барои Исроил кардааст.
Ва ҳангоме ки рӯзҳои ту анҷом ёфта, ту бо падарони худ бихобӣ, Ман насли туро, ки аз камари ту берун ояд, баъд аз ту пойдор гардонида, салтанати варо мустаҳкам хоҳам намуд.
Ва ту, эй писарам Сулаймон, Худои падари худро бишнос, ва Ӯро бо дили комил ва бо ҷони иштиёқманд ибодат намо, зеро ки Худованд ҳамаи дилҳоро имтиҳон мекунад, ва ҳар андеша ва фикрро мефаҳмад. Агар Ӯро ҷӯё бошӣ, Ӯ барои ту ёфт хоҳад шуд, вале агар Ӯро тарк намоӣ, Ӯ туро то абад тарк хоҳад кард.