Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 2:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва фариштаи Худованд аз Ҷилҷол ба Бӯким омада, гуфт: «Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо ба замине ки дар бораи он ба падаронатон қасам хӯрда будам, овардам, ва Ман гуфтам: „Аҳди Худро бо шумо то абад нахоҳам шикаст;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 2:1
41 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ба насли ту ин заминро медиҳам». Ва дар он ҷо барои Худованд, ки бар ӯ зоҳир шуд, қурбонгоҳе бино кард.


Ва исми Худовандро, ки ба ӯ гап зад, Ато‐Эл‐рӯӣ хонд, зеро гуфт: «Гӯё ки ман ин ҷо баъд аз бинандаи ман бидидам».


Он фариштае ки маро аз ҳар бадӣ раҳоӣ медиҳад, ин наврасонро баракат диҳад; ва номи ман ва номҳои падаронам Иброҳим ва Исҳоқ дар онҳо хонда шавад, ва дар васати замин бисьёр афзоиш ёбанд».


Инсонро ба ҳолати ғубор бармегардонӣ, ва мегӯӣ: «Банӣ‐одам, баргардед!»


Худованд барои шумо ҷанг хоҳад кард, ва шумо хомӯш бошед».


Ва фариштаи Худо, ки пешопеши ӯрдуи Исроил мерафт, ба ҳаракат омада, аз қафои онҳо равона шуд; ва сутуни абр аз пеши онҳо ҳаракат карда, дар қафояшон истод;


«Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам.


Инак, Ман фариштае пешопеши ту мефиристам, то ки туро дар роҳ нигаҳбонӣ карда, ба маконе ки муҳайё намудаам, бирасонад.


Ва Ӯ гуфт: «Худам хоҳам омад, то ки ба ту оромӣ бахшам».


Дар ҳар тангии онҳо Ӯ дилсӯзӣ мекард, ва фариштае ки дар ҳузури Ӯ буд, онҳоро наҷот медод; аз рӯи муҳаббати Худ ва шафқати Худ Ӯ онҳоро раҳо мекард, ва дар тамоми айёми қадим онҳоро мебардошт ва баланд мекард.


Ба хотири исми Худ моро рад нанамо; тахти ҷалоли Худро беобрӯ накун; аҳди Худро, ки бо мо бастаӣ, ба ёд овар ва онро нашикан.


Ва Ман аҳди Худро, ки бо Яъқуб бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва аҳди Худро, ки бо Исҳоқ бастаам, ва аҳди Худро, ки бо Иброҳим бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва ин заминро ба ёд хоҳам овард.


Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳангоме ки онҳо дар замини душманони худ бошанд, Ман аз онҳо нафрат нахоҳам кард ва аз онҳо карохат нахоҳам дошт, то ба дараҷае ки онҳоро маҳв намоям ва аҳди Худро, ки бо онҳо бастаам, поймол кунам; зеро ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам.


Ва ман асои худ — неъматро гирифта, шикастам, то аҳдеро, ки бо ҳамаи қавмҳо баста будам, ботил намоям.


Инак, Ман қосиди Худро мефиристам, ва ӯ роҳро пеши Ман холӣ хоҳад кард; ва ногаҳон Худованд, ки шумо толиби Ӯ ҳастед, ба қасри Худ хоҳад омад, ва қосиди аҳд низ, ки шумо муштоқи Ӯ мебошед; инак, меояд, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Бар ҳасби шумораи рӯзҳое ки шумо заминро ҷосусӣ кардаед, яъне чил рӯз, як сол дар ивази як рӯз, ҷазои гуноҳҳои худро чил сол хоҳед кашид, то бидонед, ки аз таваҷҷӯҳи Ман маҳрум шуданатон чӣ маънӣ дорад“.


Инак, заминро ба шумо пешниҳод кардаам, пас дохил шуда, заминеро, ки Худованд ба падарони шумо, ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, ки ба онҳо ва ба наслашон баъд аз онҳо бидиҳад, тасарруф намоед“.


Оё худое кӯшидааст, ки омада, халқеро аз миёни халқе бо озмоишҳо, аломатҳо ва мӯъҷизаҳо, ва ҷанг ва дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ ва даҳшатҳои азим барои худ бигирад, мисли ҳар он чи Худованд Худои шумо барои шумо дар Миср пеши назари шумо ба амал овард?


Пас бидон, ки Худованд Худои ту Худост, Худои амин аст, ки аҳд ва марҳамати Худро ба онҳое ки Ӯро дӯст медоранд ва аҳкомашро риоя менамоянд, то ҳазор насл нигоҳ медорад,


Ва Ехушаъ гуфт: «Бо ин хоҳед донист, ки Худои Ҳай дар миёни шумост, ва Ӯ канъониён ва ҳиттиён ва ҳиввиён ва фариззиён ва ҷирҷошиён ва амӯриён ва ябусиёнро аз пеши шумо маҳв хоҳад кард;


Ту, охир, он чиро, ки худоят Камуш барои тасарруфи ту додааст, тасарруф намо; вале ҳар киро, ки Худованд Худои мо аз пеши мо бадар рондааст, замини варо мо тасарруф хоҳем кард.


Ва шахсе аз Соръо, аз қабилаи Дон буд, ки Монӯаҳ ном дошт, ва занаш безуриёт буда, намезоид.


Ва фариштаи Худованд ба он зан зоҳир шуда, гуфт: «Инак, ту безуриёт ҳастӣ ва намезоӣ; вале ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид.


Ва номи он мавзеъро Бӯким монданд, ва дар он ҷо барои Худованд қурбонӣ карданд.


Худованд марди набие назди банӣ‐Исроил фиристод, ва ӯ ба онҳо гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо аз хонаи ғуломӣ берун овардам;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan