Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 19:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва он мард бархост, то ки равона шавад, — худаш ва суррияаш ва навкараш. Ва падарарӯси ӯ, падари занак, ба ӯ гуфт: «Инак, рӯз ба ғуруб наздик мешавад; лутфан, имшаб бимонед; инак, рӯз тамом мешавад; шабро дар ин ҷо бигзарон, то дилат шод гардад; ва фардо бармаҳал бедор шуда, роҳи худро давом хоҳед дод, ва ту ба хаймаи худ хоҳӣ расид».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 19:9
8 Iomraidhean Croise  

Ва Абшолӯм ба навкаронаш амр фармуда, гуфт: «Бингаред, ҳамин ки дили Амнӯн аз шароб шод гардад, ва ман ба шумо гӯям: „Амнӯнро зарба занед“, дарҳол ӯро бикушед, натарсед: ман охир, шуморо амр фармудаам, пас қавидил ва далер бошед».


Аз рӯзи фардо фахр накун, зеро намедонӣ, ки дар як рӯз чӣ ҳодиса рӯй медиҳад.


Вале онҳо Ӯро нигоҳ дошта, гуфтанд: «Бо мо бимон, чунки шом наздик аст, ва рӯз ба поён мерасад». Ва Ӯ ворид шуда, бо онҳо монд.


Вале он мард ба шабгузаронӣ розӣ нашуд, ва бархоста, равона шуд ва то рӯ ба рӯи Ябус, ки Ерусалим бошад, расид, ва ҷуфти харони полондор ҳамроҳи ӯ буд, ва суррияи ӯ бо ӯ буд.


Ва ҳар ду нишаста, якҷоя хӯрок хӯрданд ва нӯшиданд; ва падари занак ба он мард гуфт: «Лутфан, имшаб дар ҳамин ҷо бимон, то дилат шод гардад».


Ва дар рӯзи панҷум ӯ бомдодон бармаҳал бедор шуд, то ки равона шавад, ва падари занак ба ӯ гуфт: «Лутфан, дили худро боқувват намо, ва то гашти пешин таъхир кунед». Ва ҳар ду хӯрок хӯрданд.


Бӯаз хӯрок хӯрд, ва нӯшид, ва дилшод шуд, ва дар канори хирман омада хобид. Пас вай оҳистаяк омада, пеши пойҳои ӯро кушод ва хобид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan