5 Ва дар рӯзи чорум онҳо бомдодон бармаҳал бедор шуданд, ва ӯ бархост, то ки равона шавад; ва падари занак ба домодаш гуфт: «Дили худро бо луқмаи нон боқувват намо, ва баъд равона шавед».
Ва луқмаи ноне биёварам, то ки дилҳои худро кувват диҳед; ва пас аз он равона шавед; зеро ки барои ҳамин шумо пеши бандаи худ гузар кардаед». Гуфтанд: «Он чи гуфтӣ, бикун».
Ва подшоҳ ба марди Худо гуфт: «Бо ман ба хона биё ва хӯроке бихӯр, ва ман ба ту инъом хоҳам дод».
«Ба масеҳони Ман даст нарасонед, ва ба анбиёи Ман бадӣ накунед».
Исо ба онҳо гуфт: «Ғизои Ман он аст, ки иродаи Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам.
Ва ҳӯрок ҳӯрда, қувват гирифт. Якчанд рӯз Шоул бо шогирдон дар Димишқ монд;
Ва падарарӯсаш, яъне падари занак, ӯро нигоҳ дошт, ва ӯ се рӯз назди вай истод; ва хӯрданд ва нӯшиданд ва дар он ҷо шабро гузарониданд.
Ва дар рӯзи панҷум ӯ бомдодон бармаҳал бедор шуд, то ки равона шавад, ва падари занак ба ӯ гуфт: «Лутфан, дили худро боқувват намо, ва то гашти пешин таъхир кунед». Ва ҳар ду хӯрок хӯрданд.
Ва ба ӯ порчае аз қурси анҷир ва ду сар ангури соягӣ доданд, ва ӯ хӯрда, ба худ омад, зеро ки се рӯз ва се шаб на нон хӯрда буд ва на об нӯшида буд.