Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 19:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва шавҳараш бархоста, аз пушти вай рафт, то ки дили варо ёфта, варо назди худ баргардонад; ва навкараш ва як ҷуфт хараш ҳамроҳи ӯ буд. Вай ӯро ба хонаи падари худ овард, ва падари занак ӯро дида, бо хурсандӣ ӯро пешвоз гирифт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 19:3
16 Iomraidhean Croise  

Ва дилаш ба Дино, духтари Яъқуб баста шуда, ошиқи он духтар гашт, ва суханони дилпазир ба он духтар гуфт.


Ва акнун натарсед. Ман ризқу рӯзии шумо ва кӯдакони шуморо хоҳам дод». Ва онҳоро тасаллӣ дод, ва суханони дилпазир ба онҳо гуфт.


Гуфт: Агар марде зани худро талоқ диҳад, ва вай аз ӯ ҷудо шуда, ба шавҳари дигаре расад, оё ӯ аз нав сӯи ин зан бармегардад? Оё он замин тамоман палид намешавад? Вале ту бо ёрони зиёде зино кардаӣ, ва бо ин ҳама сӯи Ман мехоҳӣ баргардӣ — гуфт Худованд. —


Бинобар ин, инак Ман варо мафтун намуда, ба биёбон хоҳам овард, ва суханони дилпазир ба вай хоҳам гуфт.


Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд, ки ту Маро хоҳӣ хонд: „Ишӣ“, ва дигар Маро нахоҳӣ хонд: „Баалӣ“.


Ба бародарат дар дили худ адоват накун; ёратро мазаммат намо, ва барои ӯ гуноҳкор нахоҳӣ шуд.


Ва касе ки бо зани шавҳардор зино кунад, яъне касе ки бо зани ёри худ зино кунад, — бигзор он марди зинокор ва он зани зинокор кушта шаванд.


Ва хашми Худо барои рафтани ӯ аланга зад, ва фариштаи Худованд дар роҳ истод, то ки ба ӯ мамониат расонад; ва ӯ бар модахараш савор буд, ва ду навкараш ҳамроҳаш буданд.


Ва шавҳари вай Юсуф, ки марди одил буд ва намехост вайро нангин кунад, ба дили худ гуфт, ки вайро пинҳонӣ ҷавоб дода фиристонам.


Зан гуфт: «Ҳеҷ касе, эй оғо!» Исо ба вай гуфт: «Ман низ туро маҳкум намекунам; бирав ва дигар гуноҳ накун».


Эй бародарон, агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рӯҳониён, ӯро дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ кунед, ва ҳар кас аз худаш бохабар бошад, ки мабодо ба озмоиш дучор шавад.


Ва баъд аз муддате, дар айёми дарави гандум, чунин воқеъ шуд, ки Шимшӯн барои дидани зани худ бо бузғолае омад ва гуфт: «Назди зани худ ба хонаи хоби вай медароям». Вале падари вай ӯро намонд, ки дарояд.


Ва суррияи ӯ аз ӯ қаҳр карда, аз пеши ӯ ба хонаи падари худ, ба Байт‐Лаҳми Яҳудо рафт, ва дар он ҷо чор моҳ бимонд.


Ва занак субҳидам омада, назди дари он мард, ки оғояш дар он ҷо буд, беҳуш шуда афтод, ва то равшан шудани рӯз дар он ҷо хобид.


Ва падарарӯсаш, яъне падари занак, ӯро нигоҳ дошт, ва ӯ се рӯз назди вай истод; ва хӯрданд ва нӯшиданд ва дар он ҷо шабро гузарониданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan