27 Бомдодон оғои вай бархоста, дари хонаро воз кард, ва берун омад, то ки ба роҳи худ равона шавад; ва инак, зани суррияи ӯ дар даҳани дари хона афтодааст, ва дастҳояш бар остона буд.
Ва ҷалоли Худованд аз болои остонаи маъбад берун омад, ва бар каррубиён истод,
Ва ҷалоли Худованд аз болои каррубӣ ба остонаи маъбад баромад, ва абр хонаро пур кард, ва саҳн аз дурахши ҷалоли Худованд пур шуд.
Ва занак субҳидам омада, назди дари он мард, ки оғояш дар он ҷо буд, беҳуш шуда афтод, ва то равшан шудани рӯз дар он ҷо хобид.
Ва ӯ ба вай гуфт: «Бархез, то ки биравем!» Вале касе ҷавоб надод. Пас варо гирифта, бар хар гузошт, ва он мард бархоста, ба макони худ рафт.